Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМ

        Рӯзи Парчам  муборак ҳамватанони азиз!

            Дар ташкилоти ибтидои  ҳизбии Беморхонаи Саразм  бахшида ба Рӯзӣ парчам чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  Мавлуда Тоҷиева ,  мутаххасси бахши омори Кумитаи иҷроия Шамсиева Ҳилола иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Дар чорабинӣ  Мавлуда Тоҷиева   сухан намуда оид ба таърихи қабули парчам ва  талошҳои пайвастаи Пешвои миллат  ва саҳми эшон дар таҳкими давлатдорӣ, эҳёи суннатҳои мардумӣ  ибрози назар кард.

         Дар охир  ба панҷ нафар корманди беморхона  шаҳодатномаи ҳизбӣ  дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

            Чунин мулоқоту вохӯриҳо бахшида ба Рӯзӣ парчам бо дигар  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *