Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

Барои шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳизбиёни шаҳри Панҷакент корҳои таблиғотиро дар байни мардум ба роҳ мондаанд. Мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроия баҳри таҳлили нуктаҳои меҳварии Паёми Роҳбари давлат санаи 07.02.2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ” Ҷамоати деҳоти Хурмӣ” бо иштироки фаъолон, вакилон, омӯзгорон, ҷавонон, занону бонувон, раисони маҳалла ва деҳқонон мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот ҳизбиёни шаҳр, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, Ҳамзира Замогова, мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилоот Мутрибов Алишер ва мудири шуъбаи кор бо занон Кумитаи иҷроия МавлудаТаджиева ва кормандони Ҷамоат иштирок доштанд. Дар оғоз Ҳамзира Замонова андешаҳои худро пиромуни мӯҳтавои паёми солонаи роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, қайд кард, ки ” Паёми Пешвои миллат роҳнамову дастури корхонаву ташкилотҳои кишвар буда, баҳри таҳлилу баррасии он ҳизбиён корҳои таблиғотиро дар байни мардум бароҳ мондаанд”. Сипас Мутрибов Алишер доир ба масъалаи муҳими рӯз андеша ронда, оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, 30- солагии таъсисёбии артиши миллӣ, пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, дастаҷамъона мубориза бурдан алайҳи коррупсияро таҳлил намуд. Дар идомаи мулоқот Тоҷиева Мавлуда ба сухан баромада ақилаҳои худро оид ба пешгирии хушунат дар оила, сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва мавқеи занон дар ҷомеа баён намуд. Дар охир чанде аз фаъолон низ баромад намуда ақидаҳои худро доир ба масъалаи муҳими рӯз баён дошта ба саволҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд. Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *