Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Ёдбуди шоири кӯдакон

                            

             Дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба ифтихори 90-умин зодрӯзи Шоири Халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии  байналмилалии Андерсен, шоири маҳбуби кӯдакон Убайд Раҷаб  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи  шаҳрии ҲХДТ , узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод  Шукурзода, аҳли илму адаб, омӯзгорону донишҷӯён конфронси илмӣ- адабӣ баргузор шуд.

             Сарвари коллеҷ, доктори илми филология Ҷовид Холов, устодони донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, номзадҳои илми филология Мизроб Ғаффоров ва Гулпарӣ Шарифова, устоди донишкада Шамс Равшанов дар бораи мазмуну мӯҳтавои ашъори Убайд Раҷаб,  нафосати шеърҳои кӯдаконаи ӯ ибрози назар намуданд.

             Мурод Шукурзода  ҳаводорони ашъори Убайд Раҷабро бо ин сана шодбош гуфта, китоби “ Истиқлол ва ҳизб”-ро , ки аз таърих ва фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ҳикоят мекунад, ба китобхонаи коллеҷ тақдим карда, таъкид намуд, ки чанд насли кӯдакони тоҷик бо шеърҳои зебо ва самимонаи ӯ ба камол расидаанд ва имрӯз низ  Убайд Раҷаб аз шоирони дӯстдоштаи кӯдакон аст.

             Ба ҳозирин барномаи зебои фарҳангӣ бо иштироки донишҷӯёни коллеҷ ва МТМУ № 71-и шаҳр пешкаш шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *