Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Ғолибони озмунҳо қадршиносӣ гардиданд

Соли равон дувоздаҳ нафар хонандагони муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и деҳаи Ёрӣ дар озмунҳои гуногуни сатҳи шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Ба ин муносибат арафаи соли нави милодӣ дар муаассиса бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода, омӯзгорону волидон ва хонандагон ҷамъомад баргузор шуд.

Мурод Шукурзода дар бораи таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, сатҳи донишу маърифати насли ҷавон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ низ акс шудааст, нақл карда, ба хонандагон- ғолибони озмунҳои фаннӣ, аз ҷумла, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Биомина Нарзиқуловаҳо ва Меҳрофарин Қосимов , волидони онҳо, омӯзгорони муассиса сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро тақдим намуд.

Омӯзгорон ва волидон иброз намуданд, ки минбаъд низ раванди таълиму тарбияро тибқи дастуру вазифагузориҳои Пешвои миллат ба роҳ монда, сатҳи саводу маърифати фарзандон ва шогирдонро боло хоҳанд бардошт.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *