Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Ҳафтаи поси хотир

                                 

          Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар доираи Ҳафтаи поси хотир, ки ҳамасола арафаи ҷашни Ғалаба баргузрор мешавад,  ҳамроҳи кормандони масъули кумиҷроия Қобилҷон Ҷалолов ва Улуғбек Ҳусейнов барои гиромидошти хотири гузаштагон ба тозакунӣ ва рӯбу чини оромгоҳҳои шаҳр баромаданд.

          Дар ин рӯз кӯчаҳои шафат, роҳраву айвонҳо ва ҳудуди оромгоҳҳо тоза карда, алафҳои хушкида ҷамъоварӣ карда шуданд.

          Чун анъанаи нек дар давоми Ҳафтаи поси хотир  сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент дар оромгоҳҳо ҳашарҳо баргузор намуда, хотири гузаштагонро бо ин амали нек ва дуо пос медоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *