29-уми июл тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ва қарори Кумитаи иҷроияи ташкилоти шаҳрии ҳизб дар толори Кохи Лоиқи шаҳр Конференсияи 26-уми ҳисоботӣ- интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.
Дар конференсия аз 201 нафар вакилони дар маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ интӣихобшуда 194 нафар вакилон, муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, фаъолон ва собиқадорони ҳизб, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, намояндагони аҳли зиёи шаҳр, хабарнигорон ширкат намуданд.
Бо ҷонибдории вакилон рӯзномаи Конференсияи ҳисоботӣ- интихоботӣ тасдиқ гардида, ба он масълаҳои зайл ворид карда шуданд:
1.Дар бораи ҳисоботи КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар давраи ҳисоботӣ аз январи соли 2020 то июли соли 2022.
2.Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар давраи ҳисоботӣ.
3.Интихоби ҳайати Кумитаи иҷроия дар шаҳри Панҷакент.
4. Интихоби ҳайати комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент.
5.Интихоби сармуҳаррири нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент.
6. Пешбарии вакилон ба Конференсияи 14-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд.
7. Масъалаҳои ҷорӣ.
Тибқи рӯзномаи Коференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент , узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода дар бораи рӯйдодҳои муҳими давраи ҳисоботӣ ба вакилон ҳисобот ироа намуд. Зимнан ,шакли пурраи ҳисоботи Кумитаи иҷроия дар нашрияи ҳизбии “Фарвардин” нашр шуда, он ба вакилон дастрас шуда буд.
Баъди баррасии ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроия ва тасдиқи он вакилони Конференсия- Шералӣ Юсуфов- муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Зарафшон”, Шоҳида Мукамалзода- мудири шуъбаи маорифи шаҳр, Раҳим Баҳриддинов- раиси Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, Мақсуд Мизробзода- сарвари осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ- кишваршиносии ба номи Рӯдакӣ аз рӯи ҳисоботи Кумитаи иҷроия ба музокира баромада, ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар давраи ҳисоботӣ баҳои қаноатбахш доданд.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар Конференсия сухан карда, фаъолияти Кумитаи иҷроияро дар давраи ҳисоботӣ шоиста арзёбӣ намуд ва барои беҳдошти он ҷиҳати иҷрои талаботи Оиннома ва Барномаи ҳизб, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, раиси муаззами ҳизб , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сафарбар намудани аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб ба истиқболи сазовори 30- солагии Иҷлосияи таърихии 16-и Шӯрои Олӣ, 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳитҳои судманд дод.
Вакилон дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроия қарор қабул намуда, ба фаъолияти он қаноатбахш баҳо доданд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома вакилон ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияро шунида, онро тасдиқ намуданд.
Мутобиқи рӯзнома вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроия ва комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро интихоб намуда, дар ин бора қарор қабул намуданд.
Вакилони Конференсия тибқи талаботи Оинномаи ҳизб сармуҳаррири нашрияи Кумитаи иҷроия -нашрияи “Фарвардин”-ро интихоб намуда, ба ин вазифа рӯзноманигор Бобоев Ҷаҳонгир Толибовичро муносиб дониста, дар ин бора қарор ба тасвиб расониданд.
Муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ дар назди вакилон суханронӣ намуда, аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбро ба меҳнати садоқатмандона барои рушди ҷомеа, шукргузорӣ аз сулҳу субот ва сиёсати муваффақи Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд.
Бо иштироки вакилони Конференсия маҷлиси нахустини ҳайати нави Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб баргузор шуда, раёсати Кумитаи иҷроия тасдиқ гардида, Мурод Шукурзода Ҷӯра аз нав дар мувофиқа бо роҳбарияти олии ҲХДТ ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент интихоб гардид.
Дар анҷоми Конференсия ба як гурӯҳ фаъолони ҳизб сипосноамҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб, ба хатмкунандагони мактаби захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроия сертификат ва ба аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаҳои узвият ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Конференсия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Пеш аз оғози Конференсия меҳмонон ва вакилон аз коргоҳи дӯзандагии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва намоиши ҳуеарҳои мардумӣ дидан намуданд