Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Ҳизбиён ба ҳашар баромаданд

Рӯзи гузашта бо даъвати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент садҳо нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, хонандагону донишҷӯён ба ҳашари ободкорию сабзгардонӣ баромаданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ ин иқдомро ҷонибдорӣ намуда, дар ин ҳашари ободонӣ фаъолона иштирок намуданд.

Ҳоло ҳашарчиён ба тозаю озода намудани саҳну атрофи корхонаю муассисаҳо, кӯчаю ҷӯйбор, сафед кардани дарахтон ва дигар корҳои ободонӣ, аз ҷумла, бунёди боғи дарахтони зудрас ва токзор дар деҳаи Дашти Қозии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ машғул ҳастанд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб низ саҳни қароргоҳи Кумиҷроияро тозаю озода намуда, гулҳои мавсимӣ шинониданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *