Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Ҳизбиён собиқадоронро аёдат намуданд

Омӯзгори собиқадор, сарвожатии номдори мактабҳои Парҷакент Худойқул Нарзиев , ки имсол наздикон 90-умин зодрӯзашро таҷлил намуданд, аз боздид бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, ки ба ифтихори Рӯзи таъсиси ҳизб ба аёдаташ омада буданд, сидқан шодмонӣ намуд. Ӯ аз фазои сулҳу субот, ободиҳое, ки дар мамлакат дар даврони истиқлол бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷӯъ пайвастанд, шукургузорӣ намуда, барои ободии Ватан ва осудагии ҳамватанон даст ба дуо бардошт. Ба ифтихори 27-умин солгарди таъсиси ҳизб муовини раиси Кумитаи иҷроия Парвина Тошева ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Бурсиблй Лутфуллоев ҳамчунин бо муборакбодӣ ва тӯҳфаҳои идона хотири собиқадори ҳизб, Гулсун Қосимоваро, ки солҳои зиёд дар хоҷагии манзилӣ- коммуналӣ машғули кор буд , шод намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *