Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Ҳизбиён ҳисобот медиҳанд

          Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар шуъбаи маориф аз ниҳодҳои калонтарини ибтидоии ҳизбии шаҳри Панҷакент буда, беш аз 3600 нафар омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаро сарҷамъ менамояд.

          Давоми семоҳаи сеюми  соли равон, тавре аз ҳисоботи раиси кумиҷроияи ибтидоӣ, мудири шуъбаи маориф Шоҳида Мукамалова  дар маҷлиси ҳисоботӣ бармеояд, ҳизбиён корҳои зиёдеро ба ҷо овардаанд. Воқеан, саҳми омӯзгорон- аъзоёни ҳизб, на танҳо дар таълиму тарбияи насли наврас, балки тарғибу амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб низ калон аст. Бо талошҳои онҳо муассисаҳои таълимӣ сари вақт ба соли нави таҳсил омода карда, бо дастгирии аҳолӣ, соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ҳазор ҷои нишаст синфхонаҳои иловагӣ бунёд карда шуд.

          Дар ҳисоботи раиси кумиҷроияи ибтидоӣ ҳамчунин оид ба рафти баргузории хонишҳои сиёсӣ , роҳандозии корҳои тарғиботӣ , пардохти аъзоҳаққӣ, ташкили обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ сухан рафта, самтҳои асосии   фаъолияти ҳизбиён дар семоҳаи чорум  муайян карда шуд.

          Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  дар ташкилоти ибтидоии Агентии минтақавии “Тоҷикстандарт” низ маҷлиси ҳисоботӣ баргузор шуда, ба фаълоияти он дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ баҳо дода шуд.

          Дар  маҷлисҳои ҳисоботии  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мудирони шӯъбаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Бурсибой Лутфуллоев ва Қобил Ҷалолов иштирок намуда, сухан карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *