Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Ҳизбиён ҳисобот медиҳанд

                   

         Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ баргузор мешаванд.

          Аз ҷумла , дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Нурафшон”, ки барқчиёнро муттаҳид менамояд, раиси ташкилоти ибтидоӣ  Беҳрӯз Бобоев таъкид намуд, ки таҷдиди сохтори шабакаҳои барқи шаҳр ба фаъолияти онҳо низ таъсиргузор буд ва соли ҷорӣ бояд он хуб роҳандозӣ карда шавад.

           Дар маҷлиси ҷамъбастии  ташкилоти ибтидоии ҳизбии беморхонаи минтақавии  деҳаи Ғӯсар ба фаъолияти он дар соли гузашта баҳои баланд доданд. Тавре раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, сардухтури беморхона Афзалшо Иброҳимов дар ҳисобот зикр кард, ҳизбиён дар баргузории хонишҳои сиёсӣ, корҳои тарғиботӣ, таҳияи ҳисоботҳо, қабул ба сафи ҳизб, пардохти аъзоҳаққӣ, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ фаъол буданд ва ин кор дар соли равон низ идома дода мешавад.

          Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Бурсибой Лутфуллоев дар ин ҷаласаҳо сухан карда, вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро дар соли равон ёдовар шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *