Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ ҲИЗБИЁН ҲИСОБОТ МЕДИҲАНД

                   Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент имрӯз дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии  бахши ҶСП бонки “Арванд” ва идораи обу ташноби шаҳр маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор шуданд.

          Раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба натиҷаҳои корашон   дар давраи ҳисоботӣ назди ҳамсафон сухан карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки омодагӣ ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли Тоҷикистон, роҳандозии корҳои тарғиботӣ, иқдоми “Шаҳодатномаи ҳизбӣ- ифтихори ман”, муқоисакунии аъзоёни ҳизб аз ҷумлаи корҳое буданд , ки дар давраи ҳисоботӣ дар меҳвари  фаъолияташон қарор дошт.  Дар ин давра интизоми дохилиҳизбӣ  беҳтар гашта, падохти аъзоҳаққӣ, супоридани ҳисоботҳо низ сари вақт сурат гирифтанд. Ҳоло бошад ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли 2022 талош доранд.

          Дар маҷлисҳои ҳизбиён мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроия Бурсибой Лутфуллоев сухан карда, барои беҳдошти фаъолияти онҳо, ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта маслиҳат дод.

         Дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ   маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *