Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Ҳунарҷӯён Рӯзи Президентро таҷлил намуданд

Устодон ва ҳунарҷӯёни литсеи касбӣ- техникии шаҳри Панҷакент бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо барномаи ҷолиб таҷлил намуданд.

Дар ҳамоише, ки ба ин муносибат баргузор шуд, устодони литсей Марҳабо Гулобова, Бӯринисо Субҳонқулова, мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Мавлуда Тоҷиева дар бораи салоҳиятҳои конститутсионии ин мақоми олии давлатӣ, хидматҳои бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон сухан карданд ва ҳунарҷӯён дар васфи Пешвои миллат шеър қироат карданд.

Дар ҷамъомад ба як гурӯҳ фаъолони ҳизб ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб супорид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *