Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: ҲХДТ – ТАЪРИХ МЕОФАРАД

 То кунун ҲХДТ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи худро дар ҷомеа устувор намуд ва кам нафароне огоҳанд, ки ин ҳизби ҳоло дорои нуфузу эътибори баланд, дар гузашта аз ҷониби як гурӯҳи ташаббускори 22-нафара ташкил ёфтааст. Имрӯз бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ метавон гуфт, ки обрӯю эътибори ҳизби мо дар байни аҳолӣ афзуда, сафи хоҳишмандони узвият ба он сол то сол зиёд мешавад ва ҳоло шумораи аъзои ин ҳизби созандаву бунёдкор дар саросари Тоҷикистон беш аз ним миллион нафар, дар вилояти Суғд зиёда аз 176 ҳазор ва дар шаҳри Панҷакент 15229 нафарро муттаҳид кардааст. Моҳи августи соли 1997 дар қатори аввалинҳо дар мамлакат Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент таъсис ёфт. Дар натиҷаи тарғиботу ташвиқоти гурӯҳҳои ташаббускор ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Панҷакент солҳои 1997-1998 аввалин ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар идораи Обтаъминкунӣ, хоҷагии кишоварзии ба номи Сталин, Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Рӯдакӣ таъсис шуда, моҳи августи соли 1999 шумораи ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот ба 30 адад ва аъзоёни ҳизб ба 2000 нафар расида буд. Аз солҳои таъсисёбӣ то ин муддат обрӯю эътибори КИ ҲХДТ дар байни аҳолӣ афзуда, сафи аъзоёни ҳизб сол аз сол зиёд мегардад. Кумитаи иҷроия, ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар амалӣ намудани Барномаи ҳизб,ки мақсаду ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини рушди сиёсӣ, иҷтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа дар он инъикос шудааст, саҳми арзанда мегузорад. Дар тӯли фаъолият Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ҳамчун қувваи пешбаранда ва яке аз ташкилотҳои бонуфуз дар байни ҷомеа эътироф гардида, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавиии ҳизб, талаботҳои оинномавии он, зиёд намудани аъзоёни ҳизб, иҷрои корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳр ва деҳот, дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла, интихоботҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботҳои вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раъйпурсињо оид ба таѓйироту иловањо ба Конститутсия, интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатҳои деҳот саҳми назаррас гузошт. Шоистаи тазаккур аст, ки давоми 29 соли фаъолияти пурсамар ҳизби мо бо аъзоёни худ, ки аз қисмати пешқадаму фаъоли ҷомеа пазируфта шудаанд ва ҷонибдорони сершумораш як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар муайян намудани тақдири Тоҷикистон чун давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбуёд нақши муҳим бозид. Инак мо ҳизбиён дар остонаи таҷлили 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорем ва баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни таърихии ҳизбӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро фароҳам меорем то ин санаи фархунда хубу хотирмон таҷлил карда шавад. ШИРИНШОҲ НУРУЛЛОЕВ РОҲБАРИ ДАФТАРИ МАТБУОТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *