Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Ҷавонон машварат оростанд

                       

         Ин субҳ дар толори барҳавоии МТМУ № 71 беш аз дусад нафар ҷавонон  бо даъвати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ҷамъ омаданд.

          Ин машваратро, ки ҷавонони донишҷӯ, коргар, мутахассисони ҷавон ва хатмкунандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро ҷамъ овард, раиси Кумитати иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ифтитоҳ намуда, мулоҳизаю бардошташро аз боздиди Пешвои миллат, Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд, таҷлили ҷашни Сада дар маркази вилоят ба ҷавонон нақл кард.

          Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия Қобил Ҷалолов ба ҳозирин аз вазифаҳое, ки имрӯз дар назди ҷавонони кишвар гузошта шудааст, аз ҷумла андӯхтани донишҳои муосир, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, дода нашудан ба ақидаҳои ифротгароӣ  нақл намуда,  онҳоро бо тадбирҳои баҷоовардаи шуъба дар ин самтҳо дар соли сипаришуда  ва нақшаҳои фаъолияти  онро  дар соли равон шинос намуд. Таъкид шуд, ки дар ин корҳо аъзоёни ҷавони ҳизб,ки беш аз панҷ ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, фаъолони ТҶҶ “ Созандагони Ватан” нақши бориз мегузоранд.

          Фаъолони ҷавони ҳизб, мудири кафедраи  фанҳои гуманитарии  коллеҷи омӯзгории шаҳр  Умар Ҷалолов ва муовини сарвари МТМУ № 71 Улуғбек Ҳусейнов мулоҳизаҳояшонро дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон, ғамхорию таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, нақши ҷавонон дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, пешгирии ба ақоиди ифротӣ гаравидани онҳо  баён доштанд.

          Дар ҷамъбасти  машварат  раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро тавзеҳ дода, ҷавононро ба корҳои шоиста ба нафъи ҷомеа, зиракии сиёсӣ дар истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкории пайваста бо ташкилоти ҳизбии шаҳр даъват намуд.

          Ба як гурӯҳ ҷавонони фаъол  сипосномаи Кумитаи иҷроия ва шаҳодатномаи узвият ба ТҶҶ “Созандагони Ватан” супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *