Рубрики
Асосӣ

                           Панҷакент:   Ҳизбиёни Сӯҷина ҳисобот доданд

          Маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Сӯҷина бо иштироки  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мурод Шукурзода, кормандони масъули Кумитаи иҷроия ва 63 нафар аъзоёни ҳизб  баргузор шуд.

         Дар ҳисоботи муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Илҳом Ҷӯрабоев, ки фаъолияти онро дар давраи ҳисоботӣ фаро мегирифт,  чорбиниҳое, ки тӯли соли 2021 ва ин давраи соли равон баргузор шудааст,  аз ҷумла корҳои тарғиботӣ таҳлил шуда,  вазифаҳои ҳизбиён барои давраи оянда муайян гардиданд.  Қайд шуд, ки ҳоло ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ 93 нафарро сарҷамъ намуда, сафи хоҳишмандон сол то сол бештар мешавад. Музокирачиён ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баҳои қаноатбахш доданд.

           Иштирокчиёни маҷлис   раиси Ҷамоати деҳот Каримбердӣ Хӯҷамовро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  ва вакил ба Конфронси  ташкилоти шаҳрии ҳизб интихоб карда, нақшаи фаъолияташонро барои нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ намуданд.

         Раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ сухан карда, таваҷҷӯҳи роҳбарият ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбиро ба масъалаҳое, ки имрӯз дар назди ташкилотҳои ҳизбӣ гузошта шудаанд, аз ҷумла тарбияи насли ҷавон, пешгирии онҳо аз гароиш ба ақидаҳои ифротӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, қабул ба сафи ҳизб ва саҳмгузории ҳизбиён дар омодагӣ ба 35-умин солгарди Истиқлоли кишвар ҷалб намуд.

          Дар анҷоми маҷлис ба 39 нафар аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаи ҳизбӣ дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *