Рубрики
Асосӣ

ПАРЧАМАТ ПАРАФШОН БОД ТОҶИКИСТОН

         Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Донишкадаи фанҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, устодон ва донишҷӯёни ин боргоҳи илм  мизи мудаввар таҳти унвони “Парчамат парафшон бод Тоҷикистон” баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи вилоятӣ Мунзифахон Пулотова чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад, яке аз муҳимтарин руйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад.

 Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров паёми табрикотии Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохонро ба самъи ҳозирин расонида қайд намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат буда, симои воқеӣ ва таърихии онро дар шакли ба худ хос инъикос менамояд. Он яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.

         Ҳамзамон, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович зимни суханронӣ аз з моҳият ва арзиши парчами миллӣ сухан гуфт.  

Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ашӯрзода Алишер  сухан ронда, устондону донишҷӯёнро бо ин санаи муҳиму таърихӣ табрик намуд.

        Сипас, омӯзгори донишкадаи мазкур Мадина Бозорова дар мавзӯи “Парчами давлатӣ инъикосгари орзую ормони халқ” роҷеъ ба таърих, аҳамияту моҳияти Рӯзи Парчами давлатӣ маърӯзаи мукаммал намуд.

     Донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси забон ва адабиёти рус Маҳинахон Солиева дар мавзӯи “Парчам рамзи сарбаландии миллат” маърӯза намуд.

          Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ин арҷгузорӣ ба ҷашнҳои милливу сиёсӣ ва дар ҷавонон баланд бардоштани ҳисси вватандӯстиву ҳуввияти миллӣ мебошад.

Дар қисмати хотимавии чорабинӣ барои 10 нафар донишҷӯёни фаъол шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *