Рубрики
Асосӣ

Аксияи вилоятӣ таҳти унвони “ПАРЧАМИ МИЛЛӢ- НИШОНАИ БАҚОИ ДАВЛАТ”

Санаи 24-уми ноябри соли равон бо иқдоми Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҶДММ “Инноватсияи ояндасоз” бо бренди Хадамоти ширкати таксии “Максим”  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи вилоятӣ  таҳти унвони “Парчами миллӣ- нишонаи бақои давлат” баргузор гардид. Дар аксияи мазкур 200 адад нақлиёти ширкати “Максим” бо насби Парчами давлатӣ оро дода шуда, аз назди  муҷассамаи Исмоили Сомонии маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, то мавзеи муассисаи давлатии маҷмааи  таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол”-и маркази вилоят роҳпаймоӣ намуданд.  Маросими расмии чорабинӣ  бо иштироки беш аз 1000 нафар дар ин мавзеи зебо бо сухани ифтитоҳии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оғоз гардида, мавсуф иштирокдронро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, аз насли ҷавон даъват ба амал овард, ки ҳамеша парчамро эҳтиром гузоранд ва барои партафшонии он кӯшиш ба харҷ диҳанд. Дар идома низ нотиқон аз таърихи парчамдорӣ ва арҷгузорӣ ба ин нишонаи давлатӣ сухан карданд. 

Дар фарҷоми аксияи вилоятӣ ба иштирокчиёни фаъол аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сипоснома тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *