Дар доираи вохӯриҳо аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб баҳри таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Фондарё ва Ҷамоати шаҳраки Зарафшон мулоқот намуданд.
Аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб баромад намуда, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат маълумоти муфассал доданд. Зимни баромад қайд гардид, ки Пешвои миллат дар Паёмашон баён намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо нерӯи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад. Соли ҷорӣ нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид гардида, ба истифода супорида мешавад, ки бо иқтидори 270 мегаватт, яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд фаъолият хоҳад кард. Инчунин, соли ҷорӣ сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” то зеристгоҳи конвертории “Сангтӯда”, ки имконияти содироти барқро зиёд менамояд ва корҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти нерӯи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд.
Дар идомаи мулоқот аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб аз самти фаъолият, дастовард ва дониши таълимгирандагони Литсеи касбии техникии №53 дидан намуда, баҳри дуруст ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва баланд бардоштани дониши хонандагон маслиҳатҳои судманд доданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар баробари бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба нктаҳои Паём аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Р.Раҳимзода ва дигар фаъолон доири Қонун “Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ”, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” , “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар мавзӯҳои мубрам ибрози назар намуданд. Дар интиҳо, интихобкунандагон ба аъзои фраксияи ҲХДТ саволҳо дода, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, бовар кунониданд, ки Паёми Пешвои миллатро сармашқи кору зиндагии хеш менамоянд.
Вохӯрии аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи тарғиботии назди кумиҷроияи нохиявӣ дар дигар ҷамоат ва шаҳраку деҳоти ноҳия бомаром идома дорад.