Рубрики
Асосӣ

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-БАРНОМАИ РУШДИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

23 январи соли 2024 дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ оид ба омӯзиши нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби ҳайъати профессорон ва омӯзгорони кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳ гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Мирзохӯҷаева Азиза, мудири бахши кор бо занон ва рушди ҳунарҳои мардумии ДДҲБСТ Алимбаева Шарафнисо, декани факултети молия ва андоз Хоҷаева Дилрабо, мудирони кафедраҳои кори бонкӣ-Юсупов Давронҷон, кафедраи назарияи иқтисодӣ-Маҳмудов Маруфҷон ва дигар омӯзгорони факултети молия ва андоз ширкат варзиданд.

Дар ибтидо, мудири кафедраи молия ва қарз Каримова Муаззама чорабиниро ифтитоҳ бахшида, зарурият ва аҳамияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро фаро мегирифт, маънидод намуд.

Сипас, меҳмонон ва омӯзгорон баромад намуда, нуқтаҳои Паёмро бар аҳли нишаст шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар охир баҳри иштирок ва навиштани мақолаҳои намунавӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ ассистенти кафедраи молия ва қарз-Охунова Дилфуза ва донишҷӯён Камолиддинова Ануша ва Ҳасанова Моҳҷабин бо ифтихорномаи садорати факултети молия ва андоз сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *