Рубрики
Uncategorized

ПАЁМИ РОҲНАМО

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар якҷоягӣ бо Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи чорабинии Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Паёми раҳнамо” бахшида ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 -солагии Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон Абдуқодир, роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон Умар, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон,  муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, сармуҳаррири рузномаи «Минбари халқ» Ҳамдамов Бахтиёр, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷонов Ҷаҳонгир, мудири шуъбаи таърихи нав ва навтарини институти таърих ва бостоншиносии ба номи А. Дониш Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафуров Абдулло, сарварони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ДКМТ ва дигар шахсони даъватшуда ширкат варзиданд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Абдураҳмон Хонзада ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки таҳлили комили  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нишон медиҳад, ки дидгоҳи мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмеҳвари Пешвои муаззами миллат дар тамоми паёму суханрониҳояшон ифода ва инъикос ёфтааст. Паёми имсола инчунин нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои миллат маҳз арзишҳои бунёдие чун беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, таъмини ҷойгоҳи устувори кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва ғайра қарор гирифтаанд. Паёми имсола бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат боз як марҳалаи рушди босуръати худро сипарӣ карда, ба давраи сифатан нави рушди устувор ворид мешавад.

Даврон Зоҳидзода салому паёми Раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аҳли иштирокдорони конфронс расонида зимни баромад қайд намуд, ки  имрӯз ҳадафи олии давлат ва қабули барномаву стратегияҳои давлатӣ фароҳам намудани зиндагии шоиста барои аҳолии кишвар мебошад. Дар ин иртибот дар ҳолати дуруст татбиқ ёфтани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва супоришҳои Пешвои миллат оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сифати нерӯи инсонӣ, имконияту тавоноии мардум дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ боз ҳам афзун мегардад. Дар чунин маврид ҳар узви ҷомеа вобаста ба завқу тавоноии худ дар самту соҳаи муайяни ҷомеа фаъолияти босамар намуда, барои рушди ҳаёти шахсӣ, ободии ҷомеа ва пешрафти миллату давлати хеш саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

Зуфар Исмоилзода вобаста ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Пешвои миллат чанд андеша ва мулоҳизаҳои худро баён дошта, қайд намуд, ки Пешвои соҳибмаърифату дурандеши кишвар ҳанӯз соли 1993 аввалин маротиба дар таърихи миллат ва давлатдории тоҷикон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд, ки ин рӯйдод аз лиҳози мазмуну ғоя ва ҷанбаҳои сиёсӣ на фақат барои кормандони дипломатии мамлакат, балки барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дорад. Самараи чунин назари некбинона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  180 кишвари сайёра эътироф намуда, кишварамон бо беш аз 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад.

Дар баромади Мавсума Муинӣ масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва дурнамои сиёсати иҷтимоии давлат, масъалаҳои таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир, воридшавии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ва вазифаҳо барои  оянда, ки дар Паёми Сарвари давлат мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд, таъкид ёфт.

Умеда Абдуллозода дар суханронии худ қайд кард, ки  дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба занону духтарон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Чун зани маърифатнок метавонад, бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбият намоянд. Занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Айни ҳол дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар занону духтарони соҳибкасбу соҳибмаърифат дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ меҳнати суботкорона анҷом медиҳанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозӣ дар назди ҷавонон, аз ҷумла занону духтарон бештар эҳсос карда мешавад. 

         Абдухалил Ғафурзода ва  Ғафуров Абдулло оид ба нақши Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон суханронӣ намуда, баён доштанд, ки сӣ сол муқаддам дар ҳамин толори таърихӣ Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ки ҳадафи асосии он ба низом даровардани авзои мураккаби сиёсӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд. Ин иҷлосия дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад. Аз ин хотир, метавон ин иҷлосияро ҳамчун зерпояи асосии бинои сулҳ дар Тоҷикистон ном ниҳод.  Дар иҷлосия роҳбарияти нави сиёсии кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаи мукаммали аз бўҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ,  фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани  кишварро таҳия намуданд ва ба миён гузоштанд. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам овард, хатари парокандагии давлати тоҷикону миллати тоҷикро аз байн бурд.

Бобоҷонов Ҷаҳонгир оид ба Паёми Президент ва масъалаҳои рушди маориф сухан ронда, иброз дошт, ки беҳдошти сифати таълим, таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ ва корҳои илмию тадқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш, одобу ахлоқ, талқини ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстию ватанпарастии муҳассилин аз нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ вобаста ба рушди соҳаи саноат дар партави Паёми Сарвари давлат суханронӣ намуда, қайд сохт, ки баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ барои рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ заминаи мустаҳакам мегузорад.

Дар фарҷоми қисмати расмии конфронс раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бустон Ҷалолзода Миршакар Муроҷиатномаи аҳли иштирокдорони кори конференсияро қироат намуд.

Бо ҳамин ҷаласаи пленарии конфронс анҷом ёфта, нимаи дуюми рӯз дар бахшҳои самтҳои “Сиёсиву иҷтимоӣ” ва “Саноат ва иқтисод” маърӯзаҳои 75  нафар устодон ва коршиносони соҳа шунида, баррасӣ гардиданд.

Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ, “Сухани халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *