Рубрики
Асосӣ Мақола

АНДЕША: Паём – барномаи ободиву созандагии Ватан аст

“Умуман мардуми шарафманди кишвар тамоми саъю талоши ватандўстонаи худро ба хотири амалӣ намудани нақшаву барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи нақшаҳои саноатикунонӣ, ободиву созандагии Ватан ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон сафарбар месозанд”. Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ дар Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ро барои давраҳои оянда ба халқи тоҳик муайян намуданд. Оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Аввалин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000 шунида шуда буд. Соли 23 –ум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ баромад менамоянд аз соли 2000-ум сар карда тараққиёти иқтисодию иҳтимоӣ ва сиёсию фарҳангиро ҳаматарафа таҳлил намуда, вазифаҳои асосии халқи тоҷикро муайян менамояд (21 декабри соли 2021). Бо таклиф ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мустаҳкам намудани муносибатҳои байналмилалию дўстӣ бо давлатҳои мамолики хориҷӣ эътибори махсус медиҳанд. Дар Паём вазифаҳои рушди 30 – солагии Истиқлолияти бомуваффақият ҷамъбаст карда шуда, эълон шудани истиқлолияти давлатӣ, даҳ соли аввали истиқлолият марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буданаш, дасисаҳои нерўҳои ифротгароии дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуданаш, фалаҷ гардидани аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомати давлатӣ, даъвати Иҷлосияи тақдирсози ХУ1 дар ш.Хуҷанд, барқарори сохти конститутсионӣ бо Сарвари фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон, иброз доштани сохтмони давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, қабули Парчами миллӣ, баргардонидаи гурезаҳо, қабули Конститутсия ва ислоҳоти конститутсионӣ, такмили он, интихоби Президенти кишвар, таъсиси парламенти касбии дупалатагӣ ва Кувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, қабули Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, ташкили шуклҳои гуногуни моликият, имзои Шартномаи созишномаи ваҳдати миллӣ, Фармони Президент “Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл аз 30 апрели с. 2004, қабули 17 қонун дар бораи Авфи умумӣ”, озод намудани 170 ҳазор нафар аз адои ҷазо, 7 сентябри с.2021 қонуни Авф қабул шуда 11 555 нафар аз ҷавобгарии ҷинояти озод шуданаш, 4 маротиба Қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунгардонии маблағҳо ва молу мулкаш, таъсис ва рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, ҳусусигардонии моликият, ташкили гуногун шакли моликият ва ғайраҳо мухтасар таҳлил карда шуда, вазифаҳои асоси оянда муайян карда шуд. Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ: таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқавора ва дастраси аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.Дар асоси таҳлил ва омўзиши Паёми навбати (№ 23) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барои самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мутахассиси ин соҳа ва таърихшинос ба чунон хулоса омадан мумкин, ки Паём саодатномаи халқи тоҷик, барномаи ободиву созандагии Ватан мебошад. Дар солҳои истиқлолият халқамон бо дастоварду пешравиҳо ноил шуд. Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 % таъмин гардида, маҷмўи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 млрд сомонӣ с.2020-ум то 95 млрд сомонӣ дар с. 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 млн сомонӣ ба 28 млрд сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмўм маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар беш аз 30 баробар афзоиш ёфт. Дар ин давр рушди иқтисодиёти кишвар таъмин шуда, зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсоли бунёд гардида ҳаҷми маҳсулоти саноати 4 баробар афзоиш ёфт. Истифодаи замин ба соҳиби аслии он-деҳқон вогузор гардид, солҳои 1992-1998 75 га замин ҳамчун замини проезиденти тақсим карда шуд.Бист соли охир 138 ҳазор га замин (аз ҷумла 52 ҳазор га замини обӣ) ба 1 млн 400 ҳазор оила барои бунёди манзил ҳудо карда шуд ва 8 млн 800 ҳазор нафар аҳоли шароити истиқомати худро беҳтар намуданд.54 ҳазор га заминҳои нав обёрӣ гардид ва майдони қариб 200 ҳазор га замини обӣ кишти такрори амалӣ шуд, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2-3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ҳаҳми истеҳсоли маҳсулоти аграрӣ аз 11 млрд с. 1992 ба 40 млрд сомонӣ с.2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт.9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 млрд сомонӣ амалӣ гардида, 2400 км роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузор ва 219 км роҳи оҳанин сохта шуд ва с.2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шудем.Дар кишвар 287 НБО хурду бузург сохта шуд. С.2011 системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд омад. Ба соҳаи соҳибкорӣ эътибори махсус дода шуда, ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар соҳаи саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд,. Ҷори намудани низоми дақиқи андозбандӣ, содда гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо ва ғайраҳо чораҳои ҳавасмандгардонӣ мебошад.Маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои кишвар зиёда аз 450 номгӯйро ташкил дода, ҳиссаи содирод дар гардиши савдои хориҷӣ расидааст, содироти семент, риштаи пахтагӣ, маъдану консентратҳо, қолинҳо ва баъзе намудҳо афзоиш ёфта, алюмини аввалия, нахи пахта, меваю сабзавот ва консерваҳо коҳиш ёфт. Ба муаррифи махсулот ва иштирок дар намоишҳои байналмилли эътибори махсус додан алоҳида таъкид карда шуд. Барномаи рушди содирот солҳои 2021-2025 таҳия карда шавад гуфтанд.Низоми бонкӣ бояд ба рушди ин соҳаҳо мусоидат намояд. Дар мамлакат саноатикунонии босуръатро ҳамчун Ҳукумати кишвар ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҳдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҳтимоӣ, ворид намудони технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи стратегияи «иқтисодиёти сабз», фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст. Дар соҳаи нақлиёт 1 лоиҳаи давлати сармоягузорӣ (11 млрд сомонӣ) татбиқ шуда истодааст. Соли 2021 лоиҳаҳои таҳдид ва бунёди қитъаи “Обигарм-Нуробод”, “Ҳулбук-Темурмалик- Кангурт”, “Данғара-Лекант-Бохтар”, қитъаҳои “Қалъаихумб-Ванҷи шоҳроҳи Душанбе-Кулма, Қизилқалъа-Бохтари шоҳроҳи Душанбе-Бохтар, Бекобод-Б.Ғафуров-Конибодом” сохтмони пули дар дарёи Панҷ шурўъ шуданд. Соли 2021 ба бунёди долонҳои зидди тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ, беҳтарсозии нақби “Истиқлол” тадбирҳо андешад. Таҳияи таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди “Гулистон-Фархор”, “Ҷ.Балхи-Қубодиён-Шаҳритус-Данғара-Гулистон-Кўлоб”, “Рушон-Хоруғ-Кулма”, “Хуҷанд-Конибодом, Хуҷанд-Ашт оғоз мегардад. Дар давраи истиқлол ба мардум 138 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқомати тақсим карда шуд, дар вақти таҳияи нақшаҳои шаҳраку деҳот, иншоотҳои иҳтимоӣ риояи қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ, миллӣ, меъморӣ эътибор дода шавад гуфта таъкид карданд Пешвои миллат. СММ бо дастгири ташаббуси чаҳоруми мамлакати мо дар кишварҳое, ки норасоии об дар онҳо зиёд аст, силсилабарномаҳоро амалӣ карда истодааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли 98 % нерӯи барқ ба соҳаи гидроэнергетика рост меояд, аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол менамояд. Тавлиди “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” ба ҳисоб меравад ва баъд аз пурра ба кор даромадани НБО “Роғун” дар олам ба қатори 3 кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад. Ба маданиятнок истифодаи Замин, тухмпарварӣ эътибор дода, аз он 3-4 ҳосил гирифтан қайд карда шуд .Дар Паём ба соҳаи сайёҳӣ эътибори махсус дода шудааст. Амали гардидани соли аввали “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” пешравиҳо калон аст, дар кишвар зиёда аз 200 ширкатҳои сайёҳӣ фаъолият дошта, дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади ҳалби ҳарчи бештари сайёҳон, ба шаҳрвандони хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, м¢ҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад, бо мақсади соддагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошад, раводиди бисёркаратаи 3 сола дода шавадро пешниҳод намуданд Пешвои миллат.Дар Паём қайд карда шудааст, ки барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҳтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҳавонон, занон ва оила, рушди варзиш корҳои зиёд иҳро шудааст. Ба илм ва маориф эътибори дараҳаи якум дода шуд. Солҳои истиқлолият 3240 муассисаи таҳсилоти умумӣ (2 млн 200 ҳазор ҳой) сохта шуд. то ҳашни 30-солагии Истиқлол 196 муассисаи томактаби, 39 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 28 таҳсилоти олӣ бунёд гардида, (114 ва 41) бисёр муассисаҳо таҳдид карда мешавад. Боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шуда буд ва оиди ин фанҳо олимпиадаҳои зинави гузаронида шавад таъкид шуд.. Ба омӯзиши Забони давлатӣ, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забони муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҳа додан такид карда шуд.Ба китобхони эътибор додани тамоми табақаҳои кишвар, ҳар сол гузаронидани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар 3 самт, дар як сол хондани на камтар аз 5 китоби бадеӣ ва иҳрои онро зери назорати қатъӣ қарор доданд.Ба омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҳик эътибори махсус дода, аз ҳисоби фонди Президенти ҶТ шоҳасари Б.Ғафуров “Тоҷикон”ро чоп карда, аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи кишвар тӯҳфа намудан алоҳида қайт карда шуд. ´айд карда шудани аз тарафи ЮНЕСКО “Фалак”, “Тахти Сангин” ва тамаддунсози тоҳик аҳамияти калони таърихӣ дорад. Озмуни Ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ҳар сол гузаронидан таъкид шуд.Солҳои истиқлолият 4700 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҳтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд, номгӯӣ таҳҷизоти тиббӣ, фарсевтӣ ва технологияи навтарин барои истеҳсоли доруворӣ ворид гардид, Соли 2020 дар кишвар бар¢йхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад.Тибқи ояндабинии СММ аҳолии ҷаҳон соли 2050 ба 9,7 млрд, аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.2022 10 млн нафар афзоиш меёбад, ба ин тайёри дида, хулоса бардоред.Аз 1 июли соли 2022 нафақаи ятими кулл ва нимятимон 25 % нафақа аз рӯи синни сол ва нафақаи заминавӣ, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 25%, музди кори кормандони МИҲД, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҳтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 20%, аз 1 январи с.2021 кормандони ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 25%, дигар кормандони ин мақомот 20% зиёд карда мешавад.Занону духтарон ( 49,3%) дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дорад, шумораи занон дар соҳаҳои маориф-73%, тандурустӣ ва ҳифзи иҳтимоӣ-68%, илмӣ-27%, дар хизматрасонии давлатӣ-25% мебошанд. Амали гардидани ду Қонуни муҳими давлати «Дар барои танзими анъана ва ҳашну маросимҳо дар ҶТ» ва «Дар барои масъулияти падару модар дар таълимиу тарбияи фарзанд»ро занон фаъол тарафдори карданд. Имрӯзҳо беш аз 287 ҳазор нафар ҷавон, ки 30% духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҳи кишвар бо таҳсил машғул аст. Қонуни “Стратегияи сиёсати давлатии ҳавонон то соли 2030” таҳрири нав таҳия кардан пешниҳод шуд. Имрӯз дар кишвар 10 ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта, солҳои 2011-2021 3000 иншоот бунёд шуд.Дар Паём барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ пешрафти ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коргард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ пешниҳод шудааст.Бунёд намудани давлати ҳуқиқбунёд ва таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, хариду фуруши нашъамандӣ, гиёҳвандӣ, тундгароӣ, одамравои, коррупсия, ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар ҳаракатҳои номатлум пешбини шудааст. Дар сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст. Ба шарофати сиёсати “дарҳои кушода”, ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Рушди тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати моро ташкил медиҳад. Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҳтимоиву иқтисодии он ҳамаҳониба пуштибонӣ мекунад.Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки ба онҳо ҳамкориҳои судманд дорем, идома медиҳем. Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст. Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он доир гардиданд. Соли 2019 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати созмонҳои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба ӯҳда дошт. Соли 2020 раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҳоти баҳри Арал, СҲШ, СААД ва Раванди Истамбул оид ба Афғонистон оғоз шуда, ҳоло давом доранд. Конференсияи байналмилалӣ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028”дар Душанбе баргузор мегардад.Хулоса, Паёми Пешвои муаззами миллат Барномаи амалии мардуми тамаддунсоз то соли 2040, “Пайки ояндасози Пешвои миллат” ва “Саодатномаи халқи тоҷик” буда, дар он қайд карда шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳилаи нави рушд ворид шуд. Мо 30-солагии Истиқлолияти давлатии азизамонро бо муваффақиятҳои бузург пешвоз гирифтем. Дар ҳақиқат, Паём – оғози марҳилаи созандагӣ халқи тоҷик мебошад. Пешвоии муаззами миллат махсусан қайд намуданд: “Таъкид месозам, ки танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад”.

Эркаев Сафар Абдулхайрович, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсози миллат.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *