Рубрики
Last News

Паём моро ба ободкорӣ раҳнамун месозад

             Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент оид ба тарғибу тавзеҳи мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ин навбат гурӯҳи  тарғиботӣ бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ, Ворӯ ва Амондара сӯҳбат орост.

             Дар  ҷамъомадҳо бо иштироки фаъолони ҷамоатҳои мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроия Бурсибой Лутфуллоев ба ҳозирин аз мӯҳтавои ин ҳуҷҷати раҳнамо  нақл намуда, нуктаҳои муҳими онро дар бораи натиҷаҳои соли 2020 ва вазифаҳо барои соли ҷорӣ шарҳ дод.

             Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ба рағми мушкилоти зиёди замони имрӯза Тоҷикистон бо маром рушд намуда, ҳоло ба ҷашни бузурги 30-юмин солгарди Истиқлол омодагӣ мегирад. Дар ин роҳ барои мардум  дастуру супоришҳои Паём чун раҳнамо ба сӯи ояндаи нек мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *