Имрӯз дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд мулоқоти Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, Гулбаҳор Назирӣ, Раиси ҳизби сотсталистӣ Тоҷикистон-Абдуҳалим Ваҳҳобзода, Машраб Файзулозода баҳри таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аъзоёни гурӯҳро Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмолзода Зуфар Муртазохон, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъкубӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳамроҳӣ намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқотро ҳусни оғоз бахшида оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат сухан намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷалб намуда, пешбиниҳои илман асосноки рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро, ки дар он зикр шудааст, ёдовар шуд. Мавсуф дар баромади хеш иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ҷамъбасти мантиқӣ ва бобарори сол номид. Зеро Пешвои миллат дар он масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоию иқтисодии кишварро таҳлил намуда, аз бурду бохти ҷомеа сухан намуданд.
Гулбаҳор Назирӣ, Раиси ҳизби сотсталистӣ Тоҷикистон-Абдуҳалим Ваҳҳобзода, Машраб Файзулозода самтҳои асосии рушди иқтисод, саноат, соҳаҳои иҷтимоӣ ва сиёсати хориҷии мамлакатро, ки дар Паём муайян шудааст, ба ҳозирин шарҳ доданд. Аз ҷумла дар баромади хеш онҳо таъкид намуданд, ки Паёми Пешвои миллат ба ҳар як сокини мамлакат роҳнамо мебошад ва дар амалигардии дастуру супоришҳои зикргардида, ҳар сокини мамлакат бояд якдилона кӯшиш намоянд.