Рубрики
Uncategorized

Паём –равшангари фардои миллат

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми бурду бохт, музаффарияту муваффақиятҳои 30 соли даврони Истиқлолиятро ҷамъбаст карда, барои 10 соли ояндаи кишвар нақшаҳоро тарҳрезӣ намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххасро вогузор намуд. Паёми навбатӣ ҳамаи соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро фаро гирифта, бурдборию камбудии онҳоро возеҳ намуда, дурнамои фардои миллатро муайян сохт. Президенти кишвар дар аввали Паёми худ аз вазъи муташанниҷи мамлакат дар солҳои 90-уми асри гузашта ёд карда, зикр намуданд, ки баргузории Иҷлосияи тақдирсоз дар ҳамон замон саривақтӣ буд. Расидан ба сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва бадин восита наҷот додани кишвар аз вартаи хатар, баргардондани беш аз як миллион нафар гурезаҳо иқдоми таърихии мураккаб дар он замон ба ҳисоб меравад. Ин кор таҷрибаи нодире барои Созмони милали муттаҳид ҳам аст. Дар таърихи тоҷикон аввалин маротиба бо райъпурсии умумӣ конститутсия қабул карда шуд, ки Тоҷикистон дар байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баъд аз Россия дуюмин шуда ин санади ҳуқуқиро қабул намуд. Ҳамчунин, Презитенти кишвар дар Паём ироа намуданд, ки дар Тоҷикистон дар даврони Истиқлол 17 маротиба Қонун дар бораи авф қабул карда шуда, нисбат ба 170 ҳазор нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шуданд ва ҷазои қатл бекор карда шуд, ки ин ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи демократӣ низ ба назар намерасад.Дар Паём қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат баҳри расидан ба чор ҳадафи стратегӣ чораҳои мушаххасро андешида истодааст. Рушди иҷтимоӣ дар даҳсолаи дуюми даврони Истиқлолият оғоз гардида, дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5% таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 млрд сомонии соли 2000-ум то 95 млрд сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 259 млн сомонӣ ба 28 млрд сомонӣ расонида шуд, яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардид. Дар ин давра зиёда аз ду ҳазор корхонаҳои саноатӣ бунёд гардида, аз солҳои аввали Истиқлолият чор баробар зиёд гашт.Инчунин, зикр гардид, ки дар соҳаи кишоварзӣ низ ислоҳоти замин гузаронида шуда, замин ба соҳиби аслии худ, яъне деҳқонон дода шуд.Аз ҷумла, 138 ҳазор га замин барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои 1 млн 400 ҳазор оила дода шуд, ки 8 млн 800 ҳазор нафар соҳиби манзил гардиданд. Дар муқоиса ба 70 сол пеш, ки ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 га замин дода шуда буд, ин нишондиҳандаи хеле баланд аст. Дар солҳои 2000-ум дар кишвар ҳамагӣ 2,5 млн чорвои хурду калон бошад, ҳоло ба 8 млн расидааст. Захираҳои аҳолӣ низ аз 93 млн сомонӣ ба 10 млрд сомонӣ расидааст. Дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар мамлакат 59 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 24 млрд сомонӣ амалӣ гардида, 2 ҳазору 400 км роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 км роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуд, ки соли 2017 мамлакат бо ин роҳҳо бо кишварҳои ҳамсоя пайваст. То соли 2026 боз якчанд роҳҳои мошингард таъмиру азнавсозӣ мегарданд, аз ҷумла роҳи Хуҷанд- Конибодом ва Хуҷанд-Ашт низ ба нақша гирифта шудааст.Зимни Паём ироа карда шуд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафи истиқлолияти энегиетикӣ дар кишвар 287 нерӯгоҳҳои хурду бузург сохта ба истифода дода шуда, дар маҷмӯъ 75% инфросохтори энергетикии мамлакат азнавсозӣ гардид.Президенти ҷумҳурӣ бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии мардум ҳукумати давлатро вазифадор намуд, ки минбаъд барои баланд бардоштани гуногунсамтию рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи иқтисоди сабз, саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияи инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувори иқтисоди миллиро таъмин намоянд. Аз ҷумла, дар панҷ соли оянда рушди миёнсолаи иқтисодиёт на кам 7 % ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ бо назардошти то 11 млн нафар то 2 баробар зиёд карда шавад. Инчунин зиёда аз 870 корхонаҳои саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 95 млрд сомонӣ расонида шуда, содироти он 2 баробар афзоиш дода шавад. Ҳамчунин, дар Паёми мазкур аз ҷониби Президенди кишвар пешниҳод карда шуд, ки баҳри расидан ба ҳадафи чоруми кишвар, яъне саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022 ва 2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шавад. Ин иқдом, албатта саривақтӣ ҳисобида шуда, дар панҷ соли оянда барои рушди саноати кишвар мусоидат менамояд.Ҳақ ба ҷониби Президенти кишвар, ки дар ҳақиқат, бемаориф ягон соҳа рушд намукунад ва бепешрафти бемаориф ягон қадам ба пеш рафта наметавонем . Аз рӯзи аввали ба сари қудрат омадани сарвари давлат ин нуктаро ин таъкид мекарданд. Дар ин маврид низ аз дастоварду камбудиҳои соҳа ҳарф зада, маорифчиёни мамлакатро уҳдадор намуданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ба омӯзиши фанҳаи дақиқ ва забономӯзӣ, махсусан ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Масъулин барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ чораҳои мушаххас андешида, барномаҳои таълимиро таҷдиди назар намуда, аз нав дида тарҳрезӣ карда шавад. Ҳар як омӯзгор ду забони хориҷиро мисли забони модарии худ бояд донанд.Инчунин Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда ба баррасии ҳукумат пешниҳод намояд. Ҳамчунин то соли 2026 дар кишвар ҳазор муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олӣ сохта ба истифода дода шавад.Сарвари давлат аз комёбиҳои соҳаи фарҳанг сухан ронда изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ташкили озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз чоп бароварда шудани силсилаи китоби “Ахтарони адаб” дар 50 ҷилд, интишор ва ба ҳар як хонадон туҳфа гардидани асари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, бунёди ҳазорҳо боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва сохта ба истифода дода шудани биноҳои марказҳои фарҳангӣ дар шаҳру навоҳии кишвар боиси пешравии кишвар аз ҷиҳати фарҳангӣ мебошад. Моҳи октябри соли 2021 дар ҷумҳурии Фаронса баргузор шудани “Рӯзҳои фарҳангии тоҷикон” ва чанд рӯз қабл ба сарвати маънавии Юнеско дохил карда шудани “Фалак” фарҳанги қадима доштани тоҷиконро ба ҷаҳониён бори дигар муаррифӣ намуд, ки ин боиси ифтихори мардуми тоҷик аст. Чун ҳарсола дар Паёми навбатӣ низ Президенти ҷумҳурӣ аз фаъолияти соҳаи тандурустӣ натиҷагирӣ намуда, ба Вазорати тандурустӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд, то ки барои дастгирии мутахассисони ҷавон, рушди саноати дорусозӣ дар ҳамкории соҳибкорон , бартараф намудани норасоии кадрҳо дар 5 соли оянда чораҳои зарурӣ андешида шавад. Ҳамчунин, Президенти кишвар дар ин маврид ба мардуми кишвар муроҷиат намуда таъкид карданд, ки ҷиҳати пешгирии бемории КОВИД-19 бепарво нашаванд, фориғбол нагарданд, ба маслиҳати табибон амал намоянд. Ба шахсони аз хориҷа омада эътибор дода шавад, то оилаи худро ба хатар намонанд. То ҳол дар кишвар нишондоди эмгузаронӣ ба 60 % расидааст, ки ин нишондоди нокифоя аст, ягона роҳи наҷот аз ин беморӣ ин эмкунӣ аст ва масъулинро мебояд, ки барои пурра фаро гирифтани аҳолӣ бо эмгузаронӣ саъю кӯшиш намоянд.Мусаллам аст, ки сарвари давлат ба нерӯи созандаи зан дар ҷомеа боварии калон доранд ва ҳанӯз аз солҳои охири асри гузашта барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа чораҳои самаранокро андеша буданд. Тавре дар Паёми навбатӣ низ зикр намуданд, ки имрӯз занон дар ҳама соҳаҳо фаъол ҳастанд, 49,3 % аҳолии кишварро занон ташкил менамоянд, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ 68% , дар соҳаи маориф 73%, дар соҳаи илм 27% ва дар соҳаҳои кишоварзию саноат 23% -ро ташкил менамоянд. Аз 42 ҳазор донишҷӯёне, ки дар хориҷа таҳсил менамоянд, 8 ҳазорашро духтарон ташкил менамоянд. Дар солҳои Истиқлолият 11200 духтарон бо квотаи Президентӣ донишгоҳҳои олиро хатм намудаанд ва дар айни замон низ 100 ҳазор духтарон бо квотаи Президентӣ таҳсил карда истодаанд. Ба масъулин супориш дода шуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа 30% хизматчиёни давлатӣ ва 25% кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон таъин карда шавад, ҳамчунин “Барномаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон барои солҳои 2023-2030” таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод карда шавад. Сарвари давлат ба ҷавонони мамлакат низ ҳамчун дӯст, рафиқ, падар муроҷиат намуда гуфтанд, ки ба илм, ҳунар, касбу забономӯзӣ рӯ оранд. Зеро ҳукумати мамлакат насли ҷавонро аз тамоми имкониятҳо истифода бурда дастгирӣ менамояд. Президенти кишвар ба ҷавонон изҳори боварӣ намуда қайд карданд, ки давлатро ҷавонон обод месозанд.Боз як иқдоми инсондӯстонаи Президент, ки зимни ин Паём ба Ҳукумати давлат супориш дода шуд, то дар доираи имкон барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғнистон чораҷӯӣ намоянд ва ба воситаи 6 пули байни ин ду кишвар кӯмакҳои амалӣ расонанд.Ҳамчунин зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша барои барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон ҷонибдорӣ менамояд.Муждаи дигаре, ки аз Паём ба мардуми кишвар расид, ин зиёд карда шудани маошу нафақаҳо, аз ҷумла 25% маоши ҳарбиёну мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 20% маоши соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои буҷавӣ, 50% нафақаи маъюбону ятимон аст. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагонии мардум мусоидат хоҳад кард.Дар охири Паём Президенти кишвар ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда қайд карданд: “Боварӣ дорам, ки мардуми шарифи кишвар тамоми саъю талоши ватандӯстонаи худро ба хотири амалӣ намудани нақшаву барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи нақшаҳои саноатикунонӣ, ободию созандагии ватан ва ба дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истқлоли давлатии Тоҷикистон сафарбар месозанд.”Албатта, ин боварии Президенти кишвар ба мардум тамоми аҳли ҷомеаи кишварро руҳбаланд гардонида, барои ояндаи дурахшони кишвар ба халқ қувваи тозае мебахшад.Дар ҳақиқат, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як фарди баору номуси кишварро вазифадор менамояд, ки баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ тамоми нерӯю дониши худро равона созанд.Ҳар яки моро мебояд, ки баҳри амалӣ гардонии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистон ва сазовор истиқбол гирифтани 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош намуда саҳми арзандаи худро гузорем.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Султонова Гулбаҳор

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *