Ироаи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рўйдодҳои муҳими сол арзёбӣ мегардад. Зеро ин санади сарнавиштсоз кору фаъолият ва самту роҳи расидан ба зинаҳои наву баландтари рушдро бароямон равшан месозад. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону бонувон ва ҷавонон вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд. Воқеан мо шоҳидем, ки аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ Пешвои миллатамон дастгирӣ ва ғамхории аввалро ба соҳаи маорифи мамлакат, ки бе рушди он пешрафти соҳаҳои дигар номумкин аст, равона намуда, имрӯз ҳам ин соҳа беш аз ҳама маблағгузорӣ шудаву дастгирӣ мегардад. Теъдоди зиёди муассисаҳои таълимӣ бо фароҳам овардани беҳтарин шароит ва муҷаҳҳаз сохтан бо имкониятҳои навини таълим ҳамарӯзаву ҳамасола гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар ва ба ихтироъкориву навоварӣ ҷалб намудани насли ояндасоси миллат мебошад.Дар сиёсати бунёдкоронаву ободгаронаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон ҳамеша соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии мардуми кишвар мавқеи махсус дорад. Дар ин самт Роҳбари давлат дар Паёми навини худ доир ба хизматҳои шабонарӯзии кормандони соҳа, таъмин намудан бо кадрҳои баландихтисоси соҳа, тайёр намудани дорувориҳо аз гиёҳҳои шифобахши кишвар ва таъмини бозори истеҳсолӣ бо дорувориҳои ватанӣ эътибори махсус зоҳир намуданд. Ҳамчунин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022-2026 –ро ҳамчун соли Рушди саноат эълон дошта, таъкид намуданд, ки то 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд ва беш аз 500000 нафар сокинони кишвар бо ҷои кори доимӣ таъмин карда хоҳанд шуд.Мо ҳамагӣ чанд нуктаро аз Паёми имсолаи Президенти кишвар ёдовар шудем. Суханони раҳнамо, нуктаҳои фарогир, масъалаҳои ҷиддии рӯзгори мардум ва хоҷагии кишвар, ҳадафҳои баланди миллӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷаи кишвар дар ҳар сатри Паёми навини Пешвои миллат дида мешуд. Хоса суханони хеле бамавриди Пешвои миллат: “Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем”-ро сармашқи кори худ шуморида, ҳамарӯза фаъолияти хешро дар роҳи бунёди боз ҳам қавитари Истиқлолияти кишвар, баҳри зиндагии шоистаи мардум , ободонӣ ва пирӯзиҳои нав ба нав равона хоҳем кард.
Бобоҷонзода Азимҷон Тоир – Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом