Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: Паём – ҳидоятгару роҳнамои мо

            

    АНДЕША: Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад

  Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам

 Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.             21-12-2021.

       Боиси хушнудӣ ва фараҳмандист, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум ироа гардид.

     Бояд таъкид намуд, ки тамоми мардуми Тоҷикистон Паёми навбатии Президенти кишварро бесаброна мунтазир буда, аз он умеду боварии калон доштанд. Барҳақ, бо боварии комил метавон гуфт, ки Паёми ояндасозу ҳадафманди Президенти мамлакат ҳамчун чароғи дурахшон умед ва боварии халқу миллати тоҷикро ба сўи ояндаи неки кишвар боз ҳам мустаҳкаму нерўманд гардонид.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат  бурду бохти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро дар соли сипаригашта  ҳаллу баррасӣ намуда, тамоми самтҳои ояндаи рушди ҷомеаи кишварро муайян намуданд. Дар Паём ҳадафҳои стратегии дохиливу хориҷии кишвар дар солҳои наздик таҳлил ва баррасӣ карда шуданд.

     Дар Паёми  имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

   Чуноне Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ низ зикр намуданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти амалии хешро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.

      Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ғамхории беандоза нисбати халқи шарафманди Тоҷикистон қайд намуданд, ки аз 1- уми июли соли 2022 музди меҳнати ҳамаи кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда мешавад.  Пешниҳод гардид, ки ки аз 1-уми январ маоши кормандони низомӣ 25 дарсад ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ 20 дарсад зиёд карда шавад.Ҳадди ақали музди меҳнат то 50% боло бурда, 600 сомонӣ муқаррар карда шавад. Аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи ҷорӣ барои кӯдакони ятим низ 25 фоиз зиёд карда мешавад.   

      “Соли хониши ҷорӣ шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард, ки шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нисбат ба соли 1991-ум 1,6 баробар ва донишҷӯён сеюним баробар зиёд мебошад.

     Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.

     Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд”.

     Вобаста ба рушди соҳаи гидроэнергетика Пешвои миллат таъкид доштанд, ки давоми 20 соли охир кишвар аз буҳрони энергетикӣ бомуваффақият баромада, дар мамлакат қариб 300 объекти нави ин соҳа ба истифода дода шуд. Аз соли 2011 инҷониб кишвар аз бунбасти энергетикӣ баромада, ба системаи ягонаи энергетикӣ гузашт. Аз ин давра то кунун дар Тоҷикистон 287 иншооти нави энергетикӣ ба истифода дода, қариб 1,5 ҳазор километр хатти баландшиддати нерӯи барқ ва 50 истгоҳ ба истифода дода шуд. Зикр гардид, ки ҳоло рушди энержии сабз ва алтернативӣ муҳим аст ва ин бояд яке аз ҳадафҳои асосии рушди давлат гардад.

     “То ҷашни 35-солагии истиқлолияти кишвар солҳои рушди саноат эълон карда шавад”,- таъкид карданд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Инчунин ба масъулин дастур доданд, ки дар ин муддат беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда шавад.

     Даромади аҳолӣ бояд дар давраи солҳои 2022-2026 то ду маротиба афзоиш ёбад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 дарсад расонида шуда, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фисад поин оварда шавад.

     Дар Паёми Сарвари давлат њадафњои олии халќи тољик њамчун пойдевори љомеаи муосири миллат баён гардиданд, ки маънои дастуру супоришњои имрўзаро бозгўй менамояд. Њар сатр, њар нуктаи Паём, пеш аз њама, ба њифзи сулњу субот, Вањдати миллї, њимояи Истиќлолияти давлатї ва дастовардњои миллати тољик равона гардида, вазифањои навбатиро мушаххас менамояд. Паёми навбатї- ин паёми миллї, ин машъали ибрат ва намунаи хизмат мебошад. Пас месазад, ки њар фарди дилогоњу худшинос ва соњибмаърифат онро њамаљониба биомўзад, дар роњи кору пайкораш, иљрои вазифањои хизматиаш такя бар он бинамояд. Паём тањкимбахши серию пурї ва осудањолї, воситаи хушбахтї ва илму маданият, ахлоќу тарбият аст.

     Дар Паёми Сарвари давлат изҳори умедворӣ карда шуд, ки халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.   

      “Умуман, бояд гуфт, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем”.

     Дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи возеҳи рушди сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон ба ин санади сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.

     Дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар арафаи соли нав ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми мардуми кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

     Ироа шудани Паём аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст. Ба ибораи дигар Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайѓоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

     Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди судманди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

     Муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллатро метавон ба чунин фаслҳо ҷудо намуд:

1. Натиҷаҳои бадастомада дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлоли давлатӣ

2. Нақшаҳои бунёдӣ барои давраҳои минбаъда

3. Натиҷаҳои асосии рушди иқтисодию молиявӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2021

4. Дастовард ва мушкилоти соҳаҳои асосии иқтисодӣ (саноат, энергетика, нақлиёт ва роҳҳо, сохтмон, кишоварзӣ)

5. Дастовард ва мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ (маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, масъалаҳои бонувону занон, масъалаҳои ҷавонон ва варзиш)

6. Қонуният ва ҳифзи тартибот

7. Сиёсати хориҷӣ

8. Нуктаҳои хотимавӣ

     Таҳлили комили  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нишон медиҳад, ки дидгоҳи мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмеҳвари Пешвои муаззами миллат дар тамоми паёму суханрониҳояшон ифодаи пурра ва инъикоси амиқи ёфтаст. Паёми имсола инчунин нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон маҳз арзишҳои бунёдие чун беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, таъмини ҷойгоҳи устувори кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва ѓайра қарор гирифтаанд.

     Паёми имсола бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат боз як марҳалаи рушди босуръати худро сипарӣ карда, ба давраи сифатан нави рушди устувор ворид мешавад.

      Бинобар ин, ҳамаи афроди ҷомеаи кишварамонро зарур аст, ки новобаста аз синну сол ва касбу корашон, мазмуну моҳияти олии ин санади сарнавиштсозро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар атрофи сиёсати ваҳдатсозу созандаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид ва сарҷамъ бошанд, зеро ин сиёсатест, ки дар он манфиати ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба таври возеҳу равшан ифода ёфтааст.

      Гузашта аз ин Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми Тоҷикистонро ба он ҳидоят намудаанд, ки бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлату миллат ба Ватани азизи худ содиқ бошанд, Ватанро дўст доранд ва баҳри ободиву шукуфонии он софдилона меҳнат намоянд ва музаффариятҳои Истиқлолиятро ҳифз намоянд”

      “Роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд. Дар ин давра маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат мо мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоиро бартараф сохта, як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққиро бунёд намудем. Мо барои ояндаи неки мардумамон, ба хотири тақвияти иқтидори иқтисодии давлатамон, ободии Ватанамон ва муҳимтар аз ҳама, мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқамон пойдевори мустаҳкам гузоштем”.

     Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки имрўз моро зарур аст, ки бояд ба хотири ободу зебо гардонидани кишвар  ва некўаҳволии халқамон софдилона бо ҳисси баланди хештаншиносиву худогоҳӣ  меҳнат намоем.

Ин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шахси ватандўсту худогоҳи халқу миллатро водор месозад, ки баҳри эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни пуршукӯҳи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дасту дили гарм ва ниятҳои поку беғараз аз сидқи дил хидмат намуда, дар рушду нумуи босуръати халқу кишвар саҳми босазои худро гузоранд.                                      

Воқеияти зиндагӣ имрӯз беш аз пеш талқин месозад. ки ҳар як инсони бонангу номус, ватанхоҳу ватандўст ва ҳимматбаланду саховатпеша бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талоши созандаи хешро ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистон соҳибистиқлоламон сарф намояд ва сарзамини биҳиштосоямонро боз ҳам дар ҷаҳон азизу мукаррам ва маҳбубу машҳур гардонад.

Аҳрорҷон Убайдуллоев –  устоди  кафедраи педагогикаи умумии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *