Рубрики
Last News

Пешвои миллат- бунёдгузори Артиши миллӣ

 Таҳти чунин унвон санаи 20.01.2021 дар ташкилоти ибтидоии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Конибодом  мизи мудаввар ба истиқболи 28-умин солгарди таъсисёбиии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқи  нақшаи муштараки кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом роҳандозӣ гардид. Дар чорабинӣ мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Бобоҷонова Мутрибахон,намояндагони қисми низомии 04080,собиқадорон ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуданд. Чорабиниро мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Қобилов Аббос ҳусни оғоз бахшид. Сараввал намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Бобоҷонова Мутрибахон бобати ҳифзи марзу буми кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан, тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ҳарф зада, табрикоти Раёсати кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  вилояти Суғдро ба ҳозирин расонид. Намояндаи қисми низомии 04080 ва масъули комиссариати ҳарбии шаҳр бобати имконият ва афзалиятҳои имрӯзаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сухан карда, аз ҷавонон даъват ба овард, ки баҳри  хизмати содиқона ба Ватан ҳамеша бошанд.  Дар рафти чорабинӣ  бо сарбозону афсарон ҷиҳати шароитҳо дар қисми низомӣ  суолу ҷавоб доир гардид.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *