Рубрики
Uncategorized

ПЕШВОИ МИЛЛАТ –ПОЯГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи нақшаи муштараки КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ, бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, комиссариати ҳарбӣ ва бахши кор бо ҷавонони МИҲД-и ноҳия бо иштироки ҷавонон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳал ва имомхатибони Ҷамоати деҳоти Анзоб вохӯрии судманд доир карда шуд.

Нахуст раиси Ҷамоати деҳоти Анзоб Олимзода Зарафшон доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар ҷамоат, бурдани корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар суханронӣ намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои муфид дод.

Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ комиссари ҳарбии ноҳияи Айнӣ – майёр Бобозода Борбад, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ Мирзошоҳиён Мирзошоҳ, мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Солеҳбой Қобилов доир ба иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадории умумӣ ҳарбӣ”, “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ибрози назар намуда, аз фаъолон даъват ба амал оварданд, ки баҳри иҷрои Қонунҳои мазкур ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинон чораҳои судманро роҳандозӣ намоянд.

Масъулини кумиҷроияи ноҳия зимни вохӯрӣ доир ба мавзӯи “Пешвои миллат – поягузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, густариши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар деҳаҳои ҳудуди ҷамоат ва ҷалби мутахассисони фаъол ба сафи ҲХДТ баромад намуданд. Гуфта шуд, ки новобаста ба ҳамаи мушкилот ва монеаҳои солҳи 90 –ум бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, санаи 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд, ки дар он афсарону сарбозони содиқу ватандӯст – ҷавонмардоне, ки бевосита ба хотири истиқрори сулҳ ва қатъи хунрезӣ сина сипар карда буданд, бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ ширкат намуданд. Дар воқеъ, Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ як ҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муқобили қувваҳое, ки зидди раванди сулҳи тоҷикон сар боло карда буданд, мубориза бурданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ иштирокчиён доир ба тағйиру иловаҳо дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадории умумӣ ҳарбӣ”, ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фақулода ва роҳҳои вусъат бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроияи ноҳия мубодилаи афкор намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *