Рубрики
Асосӣ

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Никол Воваевич,

Лутфан табрикоти ин ҷонибро ба муносибати таъин гардиданатон ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон қабул фармоед.

Тоҷикистон муносибатҳои шарикӣ бо Арманистонро қадр менамояд ва мо омодаем, ки ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандамонро дар ҳамаи самтҳо рушди афзоишёбанда диҳем.

Итминон дорам, ки ҳамкориҳои зичу гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Арманистон бо такя ба анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва бо дарназардошти манфиатҳои ду давлат боз ҳам рушд хоҳанд кард.

Ба Шумо, муҳтарам Никол Воваевич, сиҳатмандӣ ва дар фаъолиятатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам».

Манбаъ: /АМИТ «Ховар»/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *