Рубрики
Uncategorized

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – САРВАР ВА ҒАМХОРИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Таърихи 30-солаи Истиқлолияти давлатӣ собит менамояд, ки дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми ҷавонон бағоят бузург аст. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд.“Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ, – менависанд муаллифони китоби “Пешвои миллат бо ҷавонон”, – дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёд ба вуқӯъ омаданд – пастию ноумедӣ, рӯҳафтодагӣ, гаронӣ ва роҳҳои бисёри ноҳамвори зиндагӣ онҳоро дучор омад, ки ҳар қадам, давра ба давра ва дар ҳалли ҳар як мушкилот Сарвари мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҷавонон буданд ва онҳоро дастгирӣ ва пешвоӣ мекарданд: дар пастиҳо падарвор дастгири ҷавонон буданд; ҷавонони ноумеду рӯҳафтодаро ҳамчун намуна бо ёдоварӣ аз тазодҳои ҳаётӣ ва созгории хеш умед мебахшиданд; гаронии рӯзмараи шахсони ҷавонро ҳамчун бародар ва сарвар сабук ва ҳал менамуданд; ҷавононро дар роҳҳои ноҳамвори зиндагӣ ҳамчун дӯст, рафиқ ва пешво ҳамроҳӣ ва ҳидоят мекарданд, ба онҳо роҳ мекушоданд. Хулоса, Пешвои миллат бо ҷавонон буданд ва ҳастанд”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар 21-уми майи соли 2021 гуфта буд: “Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмин кардани иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушахассро амалӣ намуд. Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем”. Дар тақвияти ин гуфтаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо ибрози андеша намуда, аз ҷумла қайд карда аст: “Қобили зикри махсус аст, ки Тоҷикистони мо тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад.Дар баробари ин тибқи маълумоти оморӣ зиёда 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин зотир Тоҷикистон мамлкати ҷавонон ба ҳисоб меравад”. Бо назардошти ин, дар Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа афзалияти бештар муқаррар шудааст.Бо ин мақсад даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул карда шуданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо роҳи васеъ кушоданд. Омўзиш ва таҳлили татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон собит менамояд, ки вай марҳалаҳои гуногунро тай кардааст:Марҳалаи якум – аз моҳи марти соли 1992 то моҳи июни соли 1997. Ин марҳала аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» оғоз гардида то баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ идома меёбанд.Дар ин марҳала саҳифаи навинро дар инкишофи ҳаракати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми марти соли 1992 «Дар бораи сиёсати ҷавонон» боз намуд. Ташаккул ва муайянсозии роҳу равиши минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавонон баъди Иҷлосияи XVI таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Сарвари Тоҷикистони соҳибистиқлол Эмомалӣ Раҳмон 2 феврали соли 1993 бо ҷавонон мулоқот намуд. Он вақт оташи ҷанг ҳанӯз хомӯш нагардида, дар баъзе ноҳияҳо садои тиру туфанг ба гӯш мерасид. Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нутқи пурмазмуни барномавии худро чунин оғоз намуда буд: “Имрӯз дар ин толор ман аз чеҳраи кушоди шумо гармии чеҳраи ҷавонони ҷумҳуриро эҳсос мекунам. Мақсад доштам қаблан бо падарону пирони барнодили рӯзгордида мулоқоте доир намоям, чунки онҳо зиндагиву ҳастии худро барои обод намудани ҷумҳурӣ сарф кардаанд. Аммо ҷавонии шумо ақидаамро дигар кард, маро водор сохт, ки аввал бо шумоён вохӯрӣ намоям.Мехоҳам, ки дар ин сӯҳбати рӯёрӯй андешаҳои худро иброз дошта, ҳадафҳоямро фаҳмонам. Дар ин толор ҷавонони ҳастанд, ки барои пешравии ҷомеаи мо маслиҳату пешниҳоди муфид медиҳанд”. Эмомалӣ Раҳмон 4-уми сентябри соли 1993 дар ҷамъомади Шўрои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷи¬кистон, 17-уми марти соли 1994 дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ширкат варзида, ҷавононро вазифадор кард, ки манфиати халқу давлатро нисбат баҳадафҳои рўзмарраи гурўҳҳо, ҳизбҳо ва созмонҳои алоҳида болотар гузоранд ва чун як тан барои ягонагии Тоҷикистон, осоиш ва некўаҳволии халқ саъю талош намоянд.“Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад” – таъкид карда буд роҳбари мамлакат. Бори нахуст дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии ҷавонон ба таври возеҳ муайян карда шудааст.Воқеаи фаромўшнашавандаи таърихии ҳаракати сиёсии ҷавонон – мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23-уми майи соли 1997 буд.Ин мулоқот ба даврае рост омад, ки раванди расидан ба оштии миллӣ ба фарҷоми мантиқии худ расида буд. Ҷараёни нобоварию мухолифат бар марҳилаи ҳамкорӣ дар роҳи бунёди давлати демократии Тоҷикистон табдил ёфт.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи бунёдкорӣ ворид сохтани ҷавононро яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор овардааст. Ӯ ҷавононро қувваи бузурги бунёдкорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол меҳисобад. Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватанпарастӣ, муносибати эҳтиромона ба гузаштаи таърихӣ таваҷҷӯҳи махсус дода ҷавононро таъкид менамояд, ки аз фаъолияти қаҳрамононаи насли калонсол ибрат гиранд. “Вақте ки ҷавононро барои бунёди роҳи оҳани Термиз-Душанбе, азхудкунии заминҳои Вахш, каналҳои калони Фарғонаю Ҳисор, роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, сохтмонҳои азиме чун нерӯгоҳи барқии Норак ва ғайра сафарбар карданд, онҳо бо фидокорӣ ва қаҳрамонии беназири худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштанд”. [9, 6]Бо мақсади амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» Эмомалӣ Раҳмон 23-уми майи соли 1997 фармонро «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» имзо намуд. Тибқи фармон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки масъалаи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми майи соли 1997 дар бораи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард.Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон бошад шўъбаи сиёсати ҷавонон ба фаъолият шурўъ кард.Таъсис ёфтани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳуку¬мати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили сиёсати давлатии ҷавонон оғоз гардидани марҳилаи нав буд.Марҳалаи дуюми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон (аз июни соли 1997 – моҳи июни соли 2004) аз баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири навро дарбар мегирад.Бо имзорасии Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи муҳими тақдир¬соз шурўъ шуд ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти сохторҳои давлатӣ баҳри татбиқи сулҳ, ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани обрўи байналхалқии кишварамон кўшишҳои арзандаю назаррас ба харҷ доданд.Самти дигари сиёсати ҷавонон дастгирии соҳибистеъ¬додҳои ҷавон мебошад. Баҳри дастгирии онҳо 26-уми феврали соли 1998 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо», 20-уми марти соли 1998 «Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд» ба тасвиб расид.16-уми майи соли 1998 мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаво¬нони лаёқатманд баргузор гардида, рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» баъди танаффуси тўлонӣ ба фаъолият оғоз намуд.Омили муҳими марҳилаи мазкур ба корҳои роҳбари¬кунанда пешбарӣ кардани ҷавонон буд.Тавассути Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлис¬ҳои маҳаллии вакилони халқ» намояндагони арзандаи ҷавонон сазовори мандати вакилӣ гаштанд.Аз ҷумла Тоҷиниссо Маҳмадова, Мирзодавлат Одинаев, Абдуманнон Холиқов, Давлатаҳмад Саидов, Лайлӣ Бобоева, Ёқубҷон Исмоилов, Раъно Самиева вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.Санавбар Хоҷаева, Қосимҷон Қосимов, Рашид Мирзоев, Ҳамидулло Алишеров узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Дар заминаи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Маҷлиси Олии кишвар 23 май «Рўзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда шуд.Марҳалаи сеюм аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав (июли соли 2004) ибтидо гирифта то таъсиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфтааст.Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (13-уми марти соли 1992) дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон таҳаввулоти иҷтимоию сиёсӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ гузаронида шуд. Бо мақсади ба танзим даровардани муноси¬батҳои нави ҷамъиятӣ, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина қувватгирии сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани фазои мусоидаткунандаи меъё¬рию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон зарурати даровардани тағйиротҳо ба Қонуни асосии ҷавонон ба миён омад.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми марти соли 2004 бо истифодабарӣ аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. 9-уми июни соли 2004 дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав қабул гардид.8-уми июли соли 2004 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро ҷонибдорӣ кард.«Вобаста ба тақозои замон, – қайд намуда буд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо намояндагони ҷавонони мамлакат 21-уми майи соли 2005, – соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҷавонон заминаи боэътимод фароҳам овардааст…Сиёсати давлатии ҷавонон сиёсатест, ки татбиқи он аз сохторҳои гуногуни ҳукумативу ҷамъиятӣ фаъолияти муштаракро тақозо менамояд.Аз ҷониби дигар масъалаҳои ҷавононро бо истифодаи нерўи созандаи онҳо ба манфиати рушди давлату ҷомеа бо роҳи фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат метавон ҳаллу фасл кард. Инкишофи маънавию ҷисмонии ҷавонон ва нерўи солими онҳо барои давлату миллат омили муҳим аст». 23-юми майи соли 2013 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар доир гардид. Мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонон ҳамчун идомаи марҳалаи амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ дар маҷмўъ 840 миллион сомонӣ равона кардааст.Марҳалаи чорум аз таъсиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (19-уми июли соли 2015) оғоз меёбад. Таъсиси Шўро иқдоми навбатии мақоми олии сиёсии мамлакат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар оянда робитаи бевосита ва самарабахши ҷавононро бо роҳбарияти кишвар таъмин менамояд.Тағйиру иловаҳои ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-юми майи соли 2016) воридшуда барои фаъолияти ҷавонон майдони боз ҳам фарох кушода, ҷиҳати иштирок дар идоракунии давлат ва интихоб ба мақоми роҳбарии шохаҳои ҳокимият заминаи мусоид фароҳам овард.Ҳам замон як қатор имкониятҳои конститутсионии ҷавонон дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ (моддаи 12), иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат (моддаи 27), меҳнат (моддаи 35), истироҳат (моддаи 37)ҳифзи саломатӣ (моддаи 38) иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа (моддаи 40), таҳсил моддаи (41) ва монанди инҳо амалӣ гардида истодаанд.Бо мақсади ҳамоҳангсозии масъалаҳои ҷавонон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳат, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита оид ба оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон ташкил карда шудааст.Инчунин дар Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон амал мекунад.Боиси тазаккур аст, ки дар интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1-уми марти соли 2020) сиёсатмадори ҷавони умедбахш раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Аъзои Маҷлиси миллӣ якдилона Рустами Эмомалиро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд.Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2020 шумораи ҷавонони то синни 35-сола дар байни хизматчиёни давлатӣ 8347 нафар ё худ 45,5 фоиз ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 1279 кас ё 22,6 фоизро ташкил медиҳад. Далели ин гуфтаҳо ба вазифаҳои раиси шаҳри Душанбе таъин шудани Рустами Эмомалӣ, раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва дигарон мебошанд.Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони ҷавону лаёқатманд Қобилҷон Хушвактзода, Шукрулло Хайрзода, Убайдулло Асрорзода ректорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъин гардиданд. Вобаста ба таҳсил Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст, то насли ояндасози миллат аз илм, техника ва технологияҳои замони муосир баҳравар бошанд ва давлати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ сазовор муаррифӣ намуда, парчамбардор ва посдори фарҳанги миллӣ бошанд. Дар ин замина гирифтани таҳсили ройгон дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимии кишвар ва таҳсилоти олӣ дар хориҷи мамлакат кафолат дода шудааст. “Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст…Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.Мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем”. Ширкати хонандагони Тоҷикистон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бештар гардида, дастовардҳо низ дар ин самт зиёданд. Агар дар соли 2016 хонандагони тоҷик аз олимпиадаҳои байналмилалӣ 133 медал – 21 тилло, 33 нуқра ва 79 биринҷӣ ба даст оварда бошанд, пас дар соли 2017, хонандагони тоҷик дар 26 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, 165 медал, аз ҷумла 34 тилло, 57 нуқра ва 74 биринҷӣ ба даст оварда, парчами Ватанро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд.Дар соли 2019 бошад, хонандагони кишвар, дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар чандин давлати пешрафтаи дунё баргузор гардидан, фаъолона иштирок карда, сазовори 251 медал, аз ҷумла 67 тилло, 66 нуқра ва 118 биринҷӣ гардиданд. Соли 2020 дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулонои соҳаи илму маориф ва аҳли зиёи кишвар шумораи стипендияи Президентӣ аз 400 ба 3000, шумораи чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 100 ба 500 ва барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 ба 50 расонида шуд.Бояд тазаккур дод, ки аз шумораи умумии стипендияҳои президентӣ 70 фоиз ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона гардидааст. Аз соли 2017 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷалби гирандагони Стипендияҳои президентӣ маҳфили доимоамалкунандаи “Стипендиантҳои ҷавон” фаъолият намуда истодааст. [16]Яке аз механизмҳое, ки айни замон ҷавонони соҳибилмро гирди ҳам овардааст, ин дар фазои илмии кишвар фаъолият намудани Шӯрои олимони ҷавонони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар соли 2015 Низмономаи Шӯрои олимони ҷавон аз нав қабул шуд, ки дорои 18 бюро буда, айни ҳол 200 нафар олимону муҳаққиқони ҷавон узви он мебошанд. Инчунин солҳои охир шумораи ихтирокорони ҷавон рӯ ба рушд буда, шумораи ихтироъкорони ҷавон (аз 21 то 30 сола) то санаи 3 сентябри соли 2018 – 92 нафар мебошанд. Илова бар ин бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии бештари олимони ҷавон шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон зиёд карда шуда, ҳар сол 12 нафар ба ин ҷоиза сарфароз гардонида мешавад ва то ба имрӯз 160 нафар олимони ҷавон соҳиби ин ҷоиза гардидаанд. Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (27-уми майи соли 2016) саҳифаи зарринро дар таърихи ҳаракати ҷавонони кишвар ибтидо гузошт.Сарвари давлати тоҷикон, Раиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ стратегияи нави ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон бо таври возеҳу равшан муайян ва чунин иброз намудааст: “Имрӯз масъалаҳои зиёди ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори кишвар, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, нерӯгоҳҳои хурду бузург, сохтмони садҳо иншооти иҷтимоӣ, инчунин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва дигар корҳои шоиставу созанда ҷавонони моро интизоранд.Барои амалӣ гардидани ин корҳои бузург аз ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпарвар дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тақозо мегардад.Умед дорем, ки ҷавонони мо аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо мебароянд ва минбаъд низ кӯшиш мекунанд, ки ба нафъи давлату ҷомеа содиқона хизмат намоянд». Ҷавонони Тоҷикистон дар сохтмони иншооти бузурги аср – Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” фидокорона меҳнат кардаанд. Мурод Саъдуллоев – муовини директори техникии ин иншоот чунин арзёбӣ намудааст: “Ман албатта дар ҳамин андеша ҳастам, ки ҷавонон дар ҳама давру замон ояндаву ояндасози давлату миллатҳо буданд, ҳастанд ва мемонанд. Ва насли бузургсолтарро мебояд дар тарбияву ба камолрасонии насли ҷавон пайваста заҳмат кашанд, то эшон нисбат ба насли пешини худ хубтару донишмандтару бомаърифаттар бошанд. Дар ҷавонони мо албатта ин чиз ҳис карда мешавад. Агар нақши эшонро дар бунёди нерӯгоҳ ҳисоб кардан хоҳем, бесобиқа хоҳад буд. Ман дар ҳақиқат ба ин боварам, ки бидуни нақши ҷавонони боору ватандӯст мо наметавонистем ба ин чиз даст ёбем”. Дар тақвияти ин гуфтаҳо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд: “Қобили зикр аст, ки мо иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони иншооти азиму тақдирсози кишвар, аз ҷумла неругоҳи барқи обии “Роғун” ва дар тамоми корҳои бунёдкориву созандагӣ бараъало мушоҳида менамоем.Аз 11 ҳазор нафар бунёдкорони иншооти азими аср – неругоҳи барқи обии “Роғун” беш аз 40 фоизашон ҷавонони то 40-сола мебошанд”. Саҳифаи навро дар ҳаёти ҷавонони мамлакат пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-уми декабри соли 2016) боз намуд, ки дар он омадааст: “Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд”. Соли 2017-ро барҳақ метавон дар асл Соли ҷавонон, таҷлили 25-умин солгарди ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон ва 20-умин солгарди фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон номид. ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид.Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон доир ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид. “Бо назардошти саҳми ҷавонон, – таъкид менамояд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии мамлакат мо соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон карда будем, ки ба таҳкими бештари нақши ҷавонон дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои онҳо мусоидат намуд.Ин иқдом татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва фазои кору фаъолияти онҳоро дар муҳмтарин самтҳои ҳаёти ҷомеа, алалхусус, сиёсат, иқтисод ва фарҳанг тавсеа бахшид”. 21 майи соли 2021 мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар баргузор гардид. Сарвари давлати тоҷикон дар ин мулоқот ба мавқеи ҷавонон аз ҷумла қайд намуд: “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”. Ҷавобан ба талошҳои пайгирона ва ҳамвора бо ҷавонон будани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, насли ҷавони кишвар, бахусус ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатмандро мебояд тамоми нерӯ ва тавоноии хешро баҳри рушди устувори Ватани хеш – Тоҷикистон, татбиқи босамари дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, пос доштани таъриху тамаддун ва арзишҳои миллӣ, дастовардҳои давраи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллию суботу осудагии ҷомеа равона карда, зимнан, ба наслҳои дигар онҳоро мерос гузоранд.

Набиев В.М., доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *