Дар асоси нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон дар байни аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” – и ташкилоти ибтидоии “Дашти Сангистон”, “Зоосун”, “Шурмашк” ва “Кум” – и назди кумиҷроияи ноҳиявӣ соати сиёсӣ дар мавзӯи “Пешвои миллат-ҳомӣ ва роҳнамои ҷавонон” доир карда шуд.
Зимни вохӯриҳо масъулони кумиҷроия ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир, яке аз дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд. Дар интиҳо ҷавонон доир ба мавзӯи матраҳгардида, мубодилаи афкор намуда, шеърҳои тозаэҷоди худро дар васфи Пешвои миллат ва ҷавонӣ қироат намуда, ҳамзамон саҳнаҳои рангину тарбиявиашонро ба маърази тамошо гузоштанд, ки писанди ҳамагон гашт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонон дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ конференсия, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва аксияҳои тарғиботӣ роҳандозӣ гардида истодааст.