Рубрики
Мақола

ПОЯНДА БОД ДӮСТИВУ БАРОДАРӢ!

Ба миён омадани баҳси дирӯзаи марбут ба деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи Исфара ҷомеаро ба ташвиш андохтаву бори дигар ҳисси эҳтиром ба таърихи гузаштаи ҳар сокини ба ору номуси миллатро боло гузоштааст. Ҳамин сарусадо, ки дар муносибат ба Чоркуҳу Ворух баён гардид, бори дигар ҳақиқати таърихии яке аз сарзамини куҳани Тоҷикистон будани ин марзу бумро собит мекунад. Ҳамин як руҷуъ ба таърихи моҷароҳои марзӣ нишон медиҳад, ки дар ҳар муноқиша ҷониби Қирғизистон боиси рух додани нофаҳмӣ дар хатти марз мешаванд. Хушбахтона чанд рӯз қабл ин нофаҳмиву нобасомониҳо хотима ёфтаву вазъият дар марз ором, мардум осуда ва фазои якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Лек алҳол низ аксар мардуми меҳаросанд. Зеро дар он фурсате, ки садои тир гушҳоро харошидаву қалбҳоро тарошида мегузашт, ба чашми сокинони ин маҳаллу деҳот аз ҷони саломати худ ва наздикону фарзандон магар чизи дигаре менамуд? Ҳаргиз на! Манзилҳои оташзадаи деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳро бо чашми худ дида, аз кирдори ваҳшиёнаи мардуми ҳамсоямарз дар ҳайрат афтодам. Наход мардуми қирғиз ҳамсояро то чунин андоза чашми дидан надоштанд? Ё шояд ин кинаву адовату дуруштӣ дер боз дар дилҳояшон маскан дошт? Ё сабабҳои дигар?-Маҳаллаи мо серқирғизтарин макон ба ҳисоб меравад. Зеро ҳамсоягони бисёри қирғиз доштем.То ин дам наберагонамон бо фарзандони онҳо бозӣ мекарданд, ба хона меомаданд, ҳамроҳ хӯрок мехӯрданд. Ҳатто дар тую маъракаҳои мо иштирок мекарданд. Мо то ин андоза гардидани вазъиятро андеша надоштем –гуфт зимни суҳбат холаи Рисолатмо. – Бо нақлиёти мусофиркаш аз Исфара сӯйи Чоркуҳ мерафтем. Аз ҳар сӯ тарафи қишлоқ сангпартоиро дидаму тарсидам, сару садоҳои баланди тирпарронӣ шунида шуд. Ба сӯйи мошини мусофиркаше, ки мо мерафтем, сангҳои ҳархеларо ҳаво доданд. Мошин аз рафтан бозмонд. Мо мусофирон ба пастӣ фаромада, аз қафои қубури калон пинҳон пинҳон шудем. Хеле сахт тарсидам.На ба пеш рафтанро медонистему на ба қафо. Баъди каме модарам занг заданд. Фазо камтар ором шуд. Ман ки донишҷӯи коллеҷи шаҳри Исфара ҳастаму дар маркази шаҳр дар манзили хешовандонамон зиндагӣ мекунам, аз хешовандонамон омада моро ба қафо бурданд. Шукрона, ки имрӯз вазъият ором асту маҳаллу деҳотамонро тинҷ мегуянд, аммо ман аз тарс то ин дам ба хона нарафтаам, дар гушам садои тиру сангпартоӣ то ин дам садо медиҳад, гуфт духтараке бо ном Мунаввара, ки дар Исфара вохурдам. Ин манзараи даҳшатбор, ин кирдори нобахшидании мардуми қирғиз ,он хонаҳои сухтаи мардум, гиряи тифлакон, сангборону лату кӯби чанде аз нафарон ва воқеоти нангине, ки боиси марги чанде аз бегуноҳон гашт, оромам намегузорад. Фақат худ ба худ гуфтам:-Куҷо дӯстӣ ? Куҷо бародариву ҳамдигарфаҳмӣ? Нест бод ҷанг! Поянда бод, Ваҳдату ҳамдилӣ! Ҷовидон бод, суботу оромӣ!Фирӯза Шерматова Муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

5Ҳхдт Гулистон, Hkhdt Tojikiston и ещё 3

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *