Рубрики
Асосӣ Мақола

Президенти ман- ифтихори ман!

МАҚОЛА: Ваҳдати моро нигаҳбон,сарвари мо, зинда бод,

Раҳнамову раҳкушову раҳбари мо,зинда бод,

Ифтихори тоҷикони рӯи олам гаштааст,

Ҷовидона,бар сари мо,бар тани мо,зинда бод.

Оре, халқи тоҷик аз хушбахттарин халқҳое мебошад, зеро чунин ватани ободу зебо ва шоҳи одилу меҳрубон дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , чунон шахси одил, бофарҳанг мебошанд, ки Тоҷикистони азизамон рӯз аз рӯз гул-гул шукуфта истодааст. Чӣ тавре ки медонем, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба халқи тоҷик солҳои хеле вазнин буданд. Тоҷикистони азиз қариб буд,ки пароканда шавад. Одамон ба дигар давлатҳо мегурехтанд. Ҳама интизори бурдаи нон буданд. Бисёр фарзандони тоҷик аз гуруснагӣ мефавтиданд. Модарони онҳо бошад ,чӣ азобҳоеро паси сар мекарданд. Дар ин вақт Эмомалӣ Раҳмон ба сари ҳокимият омаданд ва ваъда доданд,ки ба кишвар сулҳу субот меоранд. Ҳамин тавр низ шуд. Баъд аз анҷоми ҷанг Ҷанобӣ Олӣ тамоми гурезаҳоро аз давлатҳои ҳамсоя ба ватанашон Тоҷикистон баргардониданд. Одамони гуреза доимо дар дилашон ормони ба ватан баргаштанро мепарвариданд,ки ин орзуи онҳоро Пешвои миллат амалӣ намуданд. Он рӯзҳо ба миллати тоҷик рӯзҳои фаромӯшнашаванда буданд. Одамон аз хурсандӣ хоки ватанашонро мебӯсиданд,хешу наздикони худро,ки солҳои тӯлонӣ надида буданд,сахт ба оғӯш мегирифтанду мебӯсиданд.Дар чашмони онҳо ашк қатраборон мешуд.Ин ашк ашки гуруснагиву қашшоқӣ набуд,балки ашки шодӣ,ашки хурсандиву сурур буд.

Аз ҳамон рӯзе ки Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати тоҷикон гаштанд,робитаи дӯстонаи худро бо дигар давлатҳои пешрафта оғоз намуданд. Ҷаноби Олӣ бо тамоми нерӯи худ ҳаракат мекарданд,ки Тоҷикистон дар қатори давлатҳои пешрафта бошад. Ин ҳама кӯшишу ғайратҳои Президентамон беҳуда нашуд. Ҳоло Тоҷикистон дорои шаҳрҳои ободу зебо,нерӯгоҳҳои барқию обӣ,аҳолии бофарҳангу меҳмондӯст мебошад.

Мирсаидов Давлат – узви фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан ” -и кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *