Рубрики
Last News

ПУЛИ ДУСТИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ВА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ошноӣ аз кору рузгори ҳамватанон чанд сол ин ҷониб мувофиқ ба нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ гуруҳи корӣ иборат аз раисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии кишвар ба Федератсияи Русия сафар намуда, бо муҳоҷирони меҳнатӣ, намояндаги диаспораҳои Тоҷикистон мулоқотҳои судманд доир намуда, ҳамзамон бо намояндагони ҳокимият, созмон ва ташкилотҳои ин кишвари паҳновар вохӯрии манфиатовар анҷом медиҳанд.

Бо дастгирии бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар аз вилоятҳои азими Федератсияи Русия – Новосибирск ва Иркутск  ду сол қабл дидан намуда, бо фаъолон ва роҳбарияти намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин вилоятҳо суҳбат анҷом дода, дар тантанаҳои наврӯзии вилояти Иркутск ширкат варзида буд. Ба ҷузъ ин мавсуф бо роҳбарияти вилояти Иркутск ва палатаи савдои ин вилоят дидору барои густариши ҳамкорӣ мулоқот анҷом дод. Аз ҳамон вақт ин ҷониб робита барқарор гардида, намояндагии онҳо низ ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда аз меҳмондӯстии мо баҳраманд шуда буданд.

Аз номи  мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ташкилотҳои ҷамъиятии  Раёсати Губернатори вилояти Иркутск Ольга Куриленкова ба унвонии кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд барои робитаи ҳасана, тақвияти дӯстии байни ду миллат  номаи миннатдорӣ омадааст, ки боиси ифтихор ва сарфарозист.  Ин номаро Муриватшо Маликшоев, раиси диаспораи тоҷикони муқими Иркутск, роҳбари созмони “Ҳамватан” ба кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дастрас  намуд.

Боварии комил дорем, ки ин пули дӯстӣ, ки аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи роҳбарони ду давлатҳо манша гирифтааст, минбаъд низ тақвияти бештар меёбад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *