Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: ПУЛ БО ПУЛИ ҲАҶ

Дар деҳаи Ёрӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент пули нав мавриди истифода қарор дода шуд. Онро яке аз фаъолони ҲХДТ, сокини деҳа Ҳаким Қодиров бо маблағе, ки писаронаш барои сафари Ҳаҷи ӯ пасандоз карда буданд, чун тӯҳфа ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бунёд кардааст. Тавре Ҳаким Қодиров мегӯяд, падараш, раҳматии Эргаш Қодиров дар сои Гузари болои деҳа боғчаи хурдакаке бунёд карда буд ва он ҳар сол аз сел зиён медид, пули чӯбини пиёдагузари сой низ корношоям мешуд ва барои сокинони деҳа мушкилӣ эҷод мекард. Пули бетонии сохтаи Ҳаким 7 метр дарозӣ ва 4 метр паҳноӣ дошта, рафтуои одамон ва нақлиётро осон ва бехатар мегардонад. Роҳи ду тарафи пул низ қумфаршу ҳамвор карда шудааст. Ин пули сеюм аст, ки бо ҳиммати сокинони ғайратманди деҳа сохта шудааст. Чанд сол пеш сокинони деҳа Одина Одинаев ва Саидмурод Ҷалолов низ бо маблағи пасандози худ дар сои байни деҳа ду пули мошингузар сохта буданд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *