Рубрики
Uncategorized

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ!

Сардафтари адабиёти классики тоҷик, офарандаи забони форсӣ-тоҷикии меъёрӣ, гӯяндаи аввалин жанрҳои шеърии мукаммалу мавзун, малик-уш-шуарои давраи Сомониён, соҳибқирони шоирон Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни  Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакии Самарқандӣ 1164 сол қабл дар ин рӯзҳои тирамоҳӣ   чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.  

         Бо ашъори ҷаҳонгираш тамоми Хуросону Мовароуннаҳрро забт намуда, нигини тоҷи сари шоирони оли Сомон гардидааст, чунончи худи Устод Рӯдакӣ гуфта:

         Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,

         Варо бузургию неъмат зи оли Сомон буд.    

Имрӯзҳо  дар саросари  кишварамон, аз ҷумла дар Муассисаҳои давлатии таълимӣ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”  “Рӯзи Рӯдакӣ”-ро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда истодаанд. Санаи 21-уми сентябр дар ҳамаи факултетҳо хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Соҳибқирони шоирон устод Рӯдакист” баргузор гардид.

 Ашъори Устод Рӯдакӣ тайи ҳазор сол асолати худро гум накарда, чун зевари тамаддуни башарият вирди забони мардуми тоҷику форсизабонон аст. Дар ҳақиқат, осори гаронбаҳои Одамушшуаро пур аз ганҷинаи ҳикмат аст. Абёти баршумори боқимондаи шоир бар ҳоли тамоми давру замон ва мардуми он мувофиқ аст. Дар байти зерин шоир мардумро ба хоксорию фурӯтанӣ, ҳилму меҳрубонӣ даъват менамояд, зеро хашми хешро ошкор кардану теғи забонро бо бадгӯӣ ба кор бурдан ба сари инсон нохушиҳо меорад:

               Замона гуфт маро:-хашми хеш дор нигоҳ,

               Киро забон на ба банд аст,  пой дар банд аст.

         Байти зерини Устод Рӯдакӣ низ гӯё ба ҳодисаҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст, ки ӯ зӯроварӣ, тазаллум ва хушунатро амали ғайриинсонӣ мешуморад ва мегӯяд, ки касе зулм кард, ӯ ба ҷазои сахттарин гирифтор хоҳад шуд:

       Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

       Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт…

       Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас

       То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт!

         Ва Одамушшуаро мардумро бар он даъват менамояд, ки аз қайди ҷаҳолат берун оянд, рӯй ба андӯхтани илму дониш ва фарҳанг ниҳанд. Рӯдакӣ донишро чароғи дил меномаду ҷавшани тан. Зеро роҳи ягонаи рушди ҷомеа тарбияи насли бофарҳангу донишманд аст:

       Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ

       То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ!

         Ҳамин тариқ, абёти панду андарзӣ ва тарғибкунандаи хислатҳои некутарини инсонӣ дар ашъори соҳибқирони шоирон хеле зиёд аст. Устод Рӯдакӣ таҷрибаи рӯзгорро беҳтарин омӯзгор барои шахс меномад ва ҳар касе, ки Худованд барояш каме ақлу тамиз дода бошад, албатта аз гузашта ибрат мегирад:

         Ҳар киро Эзад-ш лахте ҳуш дод,

         Рӯзгор ӯро басанда басанда устод.

         Ҳикмате, ки ҳазор солҳо пеш Рӯдакӣ сурудааст, заррае қадру манзалати худро аз даст надода, баракс бузургии Одамушшуароро борҳо  ба наслҳои оянда собит сохта, ки ӯ шоири ҳақбину ҳақҷӯ будааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *