Рубрики
Асосӣ

Рӯзи Дониш муборак!

Санаи 1-уми сентябр дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун Рӯзи Дониш, оғози Соли нави таҳсил ботантана таҷлил карда мешавад. Зеро маҳз дониш  барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, ақлу дониш инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро дониши бузургаш ӯро бо рохи росту самарабахш раҳнамун месозад. Тавассути ақлу заковати бузургу хиради ба роҳи дониш метавонад соҳибкору соҳибмаълумот ва соҳибиззат бигардад.

 Бахшида ба Рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ занги аввал садо дод. Дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №26 ба номи Пӯлод Толис низ рӯзи Дониш бо иштироки намояндагони мақомотҳои гуногун гузаронида шуд. Дар он намоянда аз Ки ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадина Зоидова иштирок ва табрикоти Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғдро бахшида ба оғози Соли нави хониш ба омӯзгорону хонандагон расонид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *