Рубрики
Last News

РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ

Дар ташкилоти ибтидоии “Ш.Атабоев”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи мудофиаи гражданӣ бо иштироки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, омӯзгорон, кормандони шуъбаи маориф, сӯхторхомӯшкунӣ, ёрии тиббии таъҷилӣ, намояндаҳои корхонаву ташкилотҳо, ташкилоти ғайридавлатии “Ҳилоли аҳмар” ва мудофиаи граждании ноҳия баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳолати омодабошии шаҳрвандон ҳангоми сар задани сӯхтор, заминларза, хатари истифодаи яроқи биологӣ, ки ҳолатҳои фавқулода ҳисобида мешаванд, машқҳои назариявӣ ташкил карда шуда, хонандагони синфҳои болоӣ дараҷаи баланди худро оиди омодабошӣ ба ин гуна хатарҳо ба намош гузоштанд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби хонандагон баромадҳои варзишии бандкашӣ, вазнбардорӣ ба намоиш гузошта шуда, инчунин, таронаҳо дар васфи Ватан, модар низ суруда шуд ва аз ҷониби масъулин хонандагон бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *