Рубрики
Асосӣ

РӮЗҲОИ ҲИЗБ ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕН

Санаи 26-апрели соли 2022 кормандони масъули Кумитаи вилоятии ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру навоҳии вилоят бо сарварии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон барои баргузории “Рӯзҳои ҳизб” ба ноҳияи Спитамен сафар намуданд.  Мақсад аз ташрифи намояндагони кумиҷроияҳои вилоят ва шаҳру навоҳӣ омӯзиши таҷрибаи фаъолияти ҳизбии ҳамдигар ва тақвият бахшидан ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ мебошад.

Меҳмонон зимни сафар диданд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен як қатор иншоотҳои замонавӣ  қомат афрохтааст. Роҳи мошингарди Куруш-Спитамен пурра азнавсозӣ гардида, роҳҳои мошингарди ноҳияи Спитамен таъмир карда шуданд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ  дар ноҳия бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки меҳмононро раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  пазироӣ намуда, онҳоро ба ноҳияи Спитамен хайра мақдам гуфта иброз намуд, ки ҳамкориҳои пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо кумиҷроияии ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен хуб ба роҳ монда шудааст.  Раиси ноҳия Спитамен қайд намуд , ки на танҳо ҳамчун узви ҲХДТ, балки чун инсони ватандӯсту меҳанпараст ба ҲХДТ, ҳизби созандаву бунёдкор, ваҳдатшиору инсонпарвар бояд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд. Дар амалӣ намудани барномаву оинномаи ҲХДТ муваззаф будани ҳар нафар аъзои ҳизбро махсус зикр кард. Ҷоизи зикр аст, ки имрӯз аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен 6411 нафар мебошанд, ки аз 35 ташкилоти ибтидоӣ сарҷамъ шудаанд. Аз ин шумора, 4341 нафар занон ва 3094 нафарро ҷавонон ташкил медиҳад.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда ҳадафи ташриф овардан ба ноҳияи Спитаменро  баён намуд. Тибқи барномаи “Рӯзҳои ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен” онҳо  Маҷлиси Раёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ноҳия баргузор намуда аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия боздид ба амал меоранд.

Баъди ба итмом расидани маҷлиси раёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳамроҳи  Раиси МИҲД дар ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода ба ҷамоати деҳоти Тағояк омада ятимони куллро аёдат карда  тӯҳфаву шириниҳо ва нафақаи ҳизбро тақдим намуданд. Аёдатшавандагон миннатдории хешро ба Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баён намуданд.

Инчунин гурӯҳи корӣ аз ҷониби Раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, кормандони вилоят омода шуда аз ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Спитамен шинос  гардиданд. Натиҷаи шиносои аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар Осорхонаи марказии “Курушкада” ҷамъбаст гардид.

Дар идомаи сафар ба ноҳияи Спитамен меҳмонон  аз осорхонаи “Курушкада”-и таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-дидан намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд,  осорхона бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 1-апрели соли 2019 ифтитоҳ гардидааст. Дар ошёнаи якуми он китобхонаи электронӣ — шуъбаҳои феҳрист,  хизматрасонӣ, толори васеъи хониш бо мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ барои 100 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шуда  дар дохили он адабиёт оид ба дастовардҳои Истиқлолият, осору адабиёти шоирону нависандагони муосиру классики тоҷик, гӯшаи китобҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 гирд оварда шудаанд.

Дар ошёнаи дуюм Осорхонаи таърихӣ таъсис дода шуда, ҳамчунин  чор утоқи корӣ бо шароити васеъ барои кормандон муҳайё гардидааст.Дар ошёнаи сеюм мактаби мусиқии бачагона ҷойгир буда, он дорои 11 синфхона, ба монанди танбӯр, назарияи мусиқӣ, рубоб, ғиҷҷак, фортепиано, доира, чанг, утоқҳои корӣ, толори барҳавои намоиши консертӣ мебошад.

Боздид аз Осорхонаи “Курушкада”-и таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-писанди меҳмонон гардид.

Дар ноҳияи Спитамен “Рӯзҳои ҳизб” дар китобхонаи марказии Курушкада ҷамъбаст гардид.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *