Рубрики
Last News

САРБОЗ ОЯНДАИ ВАТАН

Бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёдии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи МТМУ №16 мусобиқаи даставӣ-шахсӣ “Сарбоз ояндаи ватан” бо роҳбарии Кумитаи ноҳиявии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа миёни дастаҳои муассисаи №16, МДТ Колеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ва МДТ Коллеҷи омӯзгории ноҳия баргузор гардид, ки дар он Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ – Дилшод Зокиров, раиси Кумитаи ноҳиявии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа – Икром Ҳомидов ва раиси собиқадорони кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб – Қобилхоҷа Қобилов иштирок ва аз рафти бахшҳои озмун дидан намуданд.

Тибқи шартҳои муқарраргардидаи мусобиқа ҳайати иштирокчиён аз як дастаи 10 нафарӣ иборат буда, бояд шартҳои зерин иҷро шаванд:

-тирарронӣ аз яроқи пневматикӣ

-ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани автомати АК47

-вазни худро бардоштан бо даврзанӣ дар турник (подьём переворот)

-давидан ба масофаи 100 метр

-партофтани норинҷак ба масофаи то 20 метр

-бандкашӣ

Тибқи шартҳои болозикршуда, се даста бо ҳам қувваозмоӣ карда, дар он аз ҳар кадоме ҷойҳои сазоворро ишғол карданд.

Дар охир ғолибони мусобиқа бо Диплом, медал ва Ҷоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, Кумитаи ноҳиявии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа,  сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *