Рубрики
Uncategorized

Сафари кории Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба ноҳияи Зафаробод

Бо мақсади мулокот бо сокинони ноҳияи Зафаробод Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон  ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия як чанд нафар собиқадорони меҳнат-фотеҳони Мирзочӯл ва оилаҳои ниёзмандро аёдат намуд. Дар мулоқот зикр гардид, ки   гиромидошти заҳмати созандаи собиқадорон ва арҷгузорӣ ба меҳнати онҳо, ҳамчунин аёдати оилаҳои ниёзманд дар меҳвари фаъолияти масъулони ҲХДТ қарор гирифта, ин иқдомот дар роҳи татбиқи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат хоҳад кард. Сокинон ин ташаббус ва иқдоми  роҳбарияти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғдро ки дар арафаи таҷлили Иди Ғалабаи Бузург ва Иди  Саиди Фитр рост омад, фазилати шоиста  ва қадршиносӣ истиқбол карда, миннатдорӣ намуданд. Аз ҷумла собиқадори хизмати давлатӣ ва аъзои фаъоли ҲХДТ аз Ҷамоати деҳоти Равшан Ғайбулло Файзуллоев, собиқадори соҳаи маориф аз Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев Бозорбой Шодмонқулов,  кишоварзи соҳибкасб  аз Ҷамоати шаҳраки Зафаробод Умаров Мулло сипоси аҳли диёрро баён намуда, зикр доштанд, ки ҳарчанд дар нафақа ҳастанд барои рушди Тоҷикистони маҳбуб ва тарғиби ғояҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбалади насли ҷавон мебошанд.

Исмоилзода З М. зимни сафар  Қаҳрамони меҳнат Акбар Ҳоҷимуродовро аёдат намуда, бо ин шахсияти  барӯманди ноҳия ки хамчун таърихи зиндаи даврони хеш  дастурдеҳи пайкори ҷавонон аст  суҳбат ороста, таманиёни нек ва табрикоти идона расониданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *