Рубрики
Uncategorized

Семинари дастурдиҳи дар КИ ҲХДТ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

«Нақши шуъбаи занон дар тақвиятбахшии фаъолияти КИ ҲХДТ» бо чунин унвон семинари дастурдиҳӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Б. Ғафуров баргузор гардид. Дар семинари дастурдиҳӣ муовинони ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон, Мадинахон Салимзода собиқадоронӣ ҳизб Шуҷоат Ҳасанова, Мастура Комилӣ  ва мудирони шуъба ва бахшҳои занони ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.

           Муовини КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадинахон Салимзода дар сухани ифтитоҳи оид ба мазмуну мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сухан ронда, таъкид намуд, ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола  низ ба мавқеи зан-модар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд, ки ин боиси сарфарозии ҳамаи мо бонувон мебошад. Паём барои мо занон  чун ҳуҷҷати раҳнамоӣ барои идомаи фаъолияти бобарор хизмат мекунад. Мавсуф оид ба мавзӯъи «Занон неруи пешбарандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ»-баромади пурмӯҳтаво намуд.

Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон оид ба нақши занон дар ҷомеа сухан карда  қайд намуд, ки Тоҷикистон ба мавқеи зан-модар таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Имрӯзҳо дар сохторҳои давлатӣ занони кордону пурмасъулият фаъолият мебаранд, ки баҳри рушди кишварамон саҳми арзанда доранд.

Мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Солиева Муяссара, оид ба мавзуъҳои “Вусъат бахшидани фаъолияти шуъбаи занон оид ба татбиќи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ»- Шерматова Фируза, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар мавзуъи «Ҳамкории шуъбаи занон бо ташкилоҳои ибтидоӣ оид ба амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ», Тоҷиева Мавлуда Баҳромовна, мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар мавзуъи «Роҳнамои ташаккули фарҳанги сиёсии занон дар ҷомеа»-баромад намуданд.

Муовини ҲХДТ Шарифзода Аминҷон оид ба нақши бонувон   дар татбиқи ғояҳои барномаҳои ҲХДТ сухан карда  қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз солҳои аввали таъсисёбӣ ба нерӯву заковати занҳо такя намуда, татбиқи амалии барномаву ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки баланд бардоштани мақому манзалати занро ҳадаф қарор доданд, дар фаъолияташ афзалият бахшид. Дар барномаҳои ҲХДТ сиёсати гендерӣ, ки таъмини баробарҳуқуқии занону мардонро дарбар мегирад, мавқеи муҳимро соҳиб буда, дар доираи он ин нерӯи тавонои сиёсӣ барои беҳбуд бахшидани ҳаёти иҷтимоӣ, ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ тадбирҳои муфидро амалӣ мегардонад. Дар татбиқи ин ҳадафҳо, пеш аз ҳама, саҳми бориз доштани бонувони ҳизбиро махсус зикр намуд.

Пас аз шунидани маърузаҳо собиқадори ҳизб Шуҷоат Ҳасанова баён намуд, ки баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон беҳтар гашта, онҳо баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ширкат меварзанд. Ҳамаи мо занон ки имруз дар сохторҳои давлат фаъолият мекунем содиқона ба халқ хизмат кунем.

Иштирокчиёни семинари дастурдиҳӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар МВД “Арбоб” ва ташкилоти ибтидоии “Деҳаи Унҷӣ” дидан намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *