Рубрики
Асосӣ

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ “ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ ВА АМНИЯТӢ ИТТИЛООТӢ”

1. Дар ташаккули афкори омма чӣ чиз таъсиргузор аст?

2. Таҳаввулоти расонаҳои хабарӣ чӣ навъ сурат гирифтааст?

(Рӯзнома, Маҷалла, Радио, Телевизион, Интернет)

3. Оё расонаҳои хабарӣ ҳамоно дар тасвири манзараи иттилоотӣ монополист ҳастанд?

4. Интернет, ки дар оғоз ба бознашри маводи ВАО машғул буд, оё ҳоло ба манбаи иттилоотӣ табдил нашудааст?

Ба ин саволҳо ва дигар паҳлӯҳои кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ Раиси бахши Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон  дар вилояти Суғд, коршиноси воситаҳои иртиботӣ Илҳоми Ҷамолиён ба иштирокдорони семинари омузишӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд доир гардид, ҷавобҳои мушаххас дод. Семинари омӯзишии мазкур дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба мавзӯи “Ҳифзи маълумоти шахсӣ ва амнияти иттилоотӣ” бахшида шуда, дар кори он раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, масъулони саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи расмии КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат варзиданд.

Семинари омӯзиширо Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Мутазохон ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки имрӯзҳо шабакаи байналмилалии интернет аҳолии ҷаҳонро чунон ба худ вобаста гардонидааст, ки бештари мардум бе интернет ҳаёти худро тасаввур карда наметавонанд. Аммо воқеияти ҳол нишҳон медиҳад, ки қисме аз истифодабаорандагони интернет ба ҷои ҷанбаҳои мусбати интернет, бештар равандҳои манфии онро истифода мебаранд, ки барои ҷомеа хатари ҷиддӣ ба бор меорад. Махсусан гумроҳшавии ҷавонон тариқи ишабакаҳои иҷтимоӣ нигаронкунанда аст.

Коршиносӣ воситаҳои иртиботӣ  Илҳоми Ҷамолиён дар семинари омӯзишӣ қайд намуд, ки шабакаи иҷтимоӣ – сомонаи интернетии чандкорбараи таъомулӣ ШИ – як платформаи онлайнӣ аст, ки одамон барои барқарор кардани иртиботот истифода карда, робитаҳои иҷтимоиро бо дигар афрод, ки дорои манфиатҳои ҳамсон ва ё муносибатҳои офлайнӣ (яъне берун аз интернет) ҳастанд, эҷод месозад. Ба ҳисоби миёна одамон ҳар шабонарӯз 6 соату 49 дақиқа умри худро дар интернет, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд. Дар соли 2018, тибқи омори расмӣ, одамон дар онлайн зиёда аз 1 миллиард солро сарф кардаанд. Ҳамарӯза шурӯъ аз январи соли 2018 ба ҳисоби миёна як миллион нафар барои худ бори аввал саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоиро боз мекунанд, яъне дар ҳар сония 11 нафар муштарии нави “ШИ” номнавис мешаванд.

Дар идомаи сухан коршиноси воситаҳои иртиботӣ Илҳоми Ҷамолиён оид ба фоида ва зарарӣ истифода бурдани интернет сухан намуда афзуд, ки ҳоло иттилоот худ аз худ интишор мешавад ва вазифаи расонаҳо, инчунин истеъмолкунандагон дар ҳоли ҳозир аз он иборат аст, воқеӣ будани онҳоро санҷида, таъйид ё такзиб намоянд.

Фоида:

1. Интернет ин муваффақияти бузурги инсоният аст.

2. Манба ва сарчашмаи маълумот, иттилоот ва дониш аст .

3. Интернет ва Шабакаи иҷтимоӣ инсонҳоро наздик мекунад, сарҳади байни давлатҳо ва ҳатто қитъаҳоро барҳам мезанад. Одамон метавонанд бидуни мушкилот муошират кунанд.

4. Мо метавонем аз “диван” нишаста саёҳат кунем.

5. Бо тариқи Интернет, метавонед таҳсил намоед, ихтисоси иловагӣ касб куед, тиҷоратро ба роҳ андозед.

Зарари Интернет:

1.Вобастагии сахт (зависимость)

2.Сарфаи беҳудаи миқдори зиёди вақт

3. Дур шудан аз ҷаҳони воқеӣ

4. Аз даст додани малакаи муоширати воқеӣ

5. Зарар ба саломатӣ: Чашм, сутунмӯҳра, ҳолати равонӣ…

6. Дастрасӣ ба муҳтаво ва маълумоти зараровар

Коршиносӣ воситаҳои иртиботӣ Илҳоми Ҷамолиён афзуд, ки бояд ҳамаи мо аз интернет самаранок истифода бурданро омӯзем ва ба интернет вобаста набошем ва ба ҳар гуна маводҳое, ки дар интернет паҳн мешаванд, бовар накунем.

Мавсуф барои санҷидани маводҳои интернети ба шунавандагони семинарӣ омӯзишӣ маслиҳатҳои муфид дод.

• Бояд хабарро пурра мутолиа намуд

• Ҳамеша манбаи аввалини хабарро ҷустуҷӯ кард

• Сарлавҳаи мавод ва мӯҳтавои он то куҷо мувофиқат мекунад

• Ба номи насаби муаллим бояд аҳамияти ҷиддӣ дод

• Ҳангоми зарурат бо коршиносону далелсанҷон муроҷиат намуд.

Ҳамчунин мавсуф оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ба шунавандагони семинари маълумот дод.

Иштирокдорони семинари омӯзишӣ ба саволҳои хеш аз Илҳоми Ҷамолиён посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷом Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба иштирокдорон ва Раиси бахши Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон  дар вилояти Суғд, коршиносӣ воситаҳои иртиботӣ Илҳоми Ҷамолиён арзи сипос намуд.

Семинари омӯзиши дар мавзӯъи “Ҳифзи маълумоти шахсӣ ва амнияти иттилоотӣ” минбаъд низ байни масъулони саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи расмии КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузаронида мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *