Рубрики
Асосӣ

СИДҚАН ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН САДДИ РОҲИ ИФРОТГАРОӢ МЕГАРДАД

Дар толори муассисаи давлатии таълимии гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан” Мирзоқосим Каримзода бо интихобкунандагон доир гардид.Нахуст раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзозода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки ҳадафи вохӯрии имрӯза шарҳу тавзеҳи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин ва ҳамзамон татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат зимни ироаи Паём мебошад.Мирзоқосим Каримзода аҳли нишастро бо ҷашни байналмилали Наврӯз табрику муборакбод гуфта, раванди бунёдкориву созандагиро дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ нек арзёбӣ намуд. Мавсуф дар идома оид ба истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва захираи ғалладонагӣ, вазъи кунунии интиқоли нерӯи барқ, пешрафти саноати шаҳр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, роҳ надодани насли наврас ва ҷавонон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, вазъи сиёсии ҷаҳонӣ, аз байн бурдани таассубу хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ бо мисолҳои мушаххас баромад намуда, таъкид дошт, ки ҳодисаи дар кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Русия рух дода бори дигар собит намуд, ки танҳо ҳушёриву зиракӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, касбомӯзӣ, сидқан дӯст доштани Ватан метавонад, сади роҳи ифротгароиву террористӣ мегардад. Боиси афсӯс, ки бо айби ҷавонони гумроҳ ва манқуртшуда имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷику тоҷикияти моро зери шубҳа мегузоранд. Ҷавоне ки ба роҳи бад рафт, миллаташро фурухт, волидонашро эҳтиром накард, ин камбудии мост, ки барояш шароити созгор муҳайё накардем.Номбурда дар ҳошияи суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин зикр намуд, ки албатта ҳаҷ кардан аз амали неки ҳар фарди мусалмон аст. Аммо худнамоишӣ намуда, рӯзгорро саришта накарда, банди қарздор шуданро Худованд хуш надорад. Бар замми ин, пас аз аз маносики ҳаҷ ҳоҷиошиву додани ҳар гуна армуғонҳо, ташкили шабншиниҳои ҳоҷиён нишонаи ҷоҳилият ва таассубу хурофотпарастӣ маҳсуб мешавад. Бояд ба ин амал нукта гузошт.Собиқадори ҳизб Муаззама Абдуваҳҳобова ва раиси шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров зимни музокира баён доштанд, ки муҳтавиёти суханронии Раиси муаззами ҳизб дар мулоқот бо аҳли ҷомеа ва ходимони дин саропо аз меҳр ба Ватан, ба ҳар як узви ҷомеа маҳсуб мешавад. Агар ҳар яки мо бо масъулияти баланд, ифтихори миллӣ рисолати шаҳрвандии хешро иҷро намоем, пас ин миллат саодатманд хоҳад буд.Дар фарҷом аз аҳли нишаст даъват ба амал оварда шуд, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, гирифтани пеши роҳи худнамоишдиҳӣ, роҳ надодан ба амалҳои номатлуб аз ҳар вақта дида фаъолтар бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *