Рубрики
Last News

СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ ДАР АМАЛ

Санаи 18 апрели соли 2021 интихоботи миёнадаврии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, номзадҳое, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ гардидаанд, бо сокинон вохӯриҳо ташкил менамоянд. Як чанд Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Зафаробод ба ҳудуди ҳавзаи интихоботии “Ҷаббор Расулов №16” шомил гардида, дар участкаҳои интихоботӣ омодагиҳо худ ҷараён доранд.

Санаи 6 апрели соли 2021 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Ҷаббор Расулов №16” Файзулло Қосимӣ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ аз участкаҳои интихоботии ноҳияи Зафаробод дидан намуда бо интихобкунандагон мулоқоти пешазинтихоботӣ барпо намуданд. Интихобкунандагон бо шукргузорӣ аз фазои осудаи кишвар ва сулҳу ваҳдатӣ сартосарӣ бо ифтихори ватандорӣ ба дарки масъулияти шаҳрвандӣ ба интихоботи қарибулвуқуъ омода будани худро иброз доштанд. Дар мулоқот интихобкунандагон бо номзад таклифу дархостҳои худро ба манфиати рушди ҷомеа иброз намуданд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *