Рубрики
Асосӣ

Сиёсатмадорони ояндаи миллат

Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022” дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мактаби омодакунии захираҳои кадрӣ амал мекунад. Бояд гуфт, ки дар мактаби захираи кадрҳо ба шунавандагон беҳтарин донандагони касби хеш дарс меомӯзанд.

Ин навбат собиқадори ҳизб, Кароматулло Одилов ба шунавандагони мактаби захираи кадрҳо оид ба “Низоми иқтисодиёти бозоргонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд. Мавсуф бобати рушди иқтисодиёти бозоргонии кишвар васеъ шарҳу эзоҳ дода, дарс тариқи саволу ҷавоб доир гардид.

Сипас ба шунавандагони мактаби захираи кадрҳо дар дарси навбатӣ, раиси собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шарипов Абдуҳакимро гӯш намуда аз нақлҳои ҷолиби устод доир ба мавзуъи “ Масъалаҳои геополитикии замони муосир” дарси матонату шуҷоатро омӯхтанд.

Инчунин, шунавандагон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Бояд қайд намоем, ки дарси навбатии мактаби захираи кадрҳо санаи 27 июли соли 2022 соати 14:00 дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор мегардад.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *