Қаҳрамони меҳнат Акбар Ҳоҷимуродов аз фотеҳони асили Мирзочӯли тоҷик маҳсуб ёфта, дар пешрафти соҳаи кишоварзии ноҳияи Зафаробод мактаби ибратеро бунёд кардааст. “Даврае мо то 41000 тонна пахта истеҳсол менамудем. Имрӯз низ барои самаранок меҳнат кардан ҳамаи имконот мавҷуд мебошад. Зеро Истиқлолият ҳамаи инро ба дасти худи мо додааст. Танҳо бо меҳнати арзанда зиндагии шоистаро сохтан лозим аст ”-нақл мекунанд Қаҳрамони меҳнат Акбар Ҳоҷимуродов. Аъзоёни Гурӯҳи корӣ таҳти сарварии Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ — муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, ба дидорбии ин марди корзори меҳнат омада, бо ӯ сӯҳбат оростанд.
Рубрики