Конфронси илмию амалӣ таҳти унвони “Соҳибмактаби мақомоти молия”, ки дар маҷлисгоҳи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба 70-солагии Карамулло Одилов баргузор гардид, пешорӯи иштирокдорон дигар паҳлӯҳои фаъолияти пурсамари ин марди меҳнатқарину ватандӯстро бозгӯ намуд.
Конфронс бо сухани ифтитоҳии сардори Сарраёсати молия дар вилояти Суғд Анвар Мирзозода оғоз ёфт. Мавсуф зимни суханронӣ қайд кард, ки таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба тараққӣ ниҳода, сатҳу сифати зиндагонии мардуми Тоҷикистон сол то сол беҳтару хубтар мегардад. Маҳз бо дастгирии пайваставу рӯзафзуни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, бо ибтикорот ва иқдомоти МИҲД-и вилоят, шахсан Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қадр кардани меҳнати фарзандоне, ки барои рушду нӯмуи кишвари соҳибистиқлол саҳмгузорӣ намудаанд, ба ҳукми анъана даромадааст. Баргузории конфронси навбатиро аз ҷумлаи чунин қадршиносиҳо арзёбӣ намуда, меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ намуд. Гуфта шуд, ки дар конфронс муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Турсунбой Раҳматов, намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳї, собиқадорони мақомоти молияи вилоят ва дигарон ҳузур доранд. Баъдан ба кори конфронс барор хост.
Қайд карда шуд, ки роҳбарияти Вазорати молия бо сабабҳои маълум дар конфронс ширкат надорад ва худ аз номи роҳбарияи Вазорат ва шахсан аз номи вазири Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор Карамулло Одиловро ба ифтихори 70-солагии ҷашни зодрӯз табрик намуд ва барояш орзуҳои наҷиб таманно кард.
Сипас, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ бо самимияти хос ва эҳтироми беандоза паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, гуфт, ки Карамулло Одилов дарозои фаъолияти меҳнатии бештар аз 43-солааш ба тарбияи мутахассисони соҳаҳои молияю бонкдорӣ ва хизмати давлатӣ эътибори махсус додааст. Аз ин сабаб бисёр мутахассисони соҳоти иқтисодиёт ва молия ӯро устоди худ меҳисобанд ва эҳтиром менамоянд. Баъдан соҳибҷашнро бо тақдими дастагули меҳру ихлос ба муносибати солгарди умри пурбаракат табрик гуфт ва барояш саодату саломатӣ, барору комёбиҳо таманно кард.
Намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сармуҳаррири идораи маҷаллаи “Молия ва ҳисобдорӣ”-и назди Вазорати молия Момогул Маҳмадюсуфова низ самимонаву сидқидилона соҳибҷашнро ва бо каломи саршори меҳр бо милоди умр шодбош намуд.
Садри маҳфил қайд кард, ки ҲХДТ бо сарварии Раиси ҳизб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа мавқеи сазовор дошта, корҳои зиёдро ҷиҳати беҳдошти зиндагии мардуми кишвар ба иҷро мерасонад ва афзуд, ки Карамулло Одилов беш аз 15 сол аст, ки узви ҲХДТ буда, айни замон муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби вилоят мебошад. Бо чунин андешаҳо сухан ба Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дода шуд.
Зимни суханони табрикотӣ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон қайд кард, дар сиёсати маънавиасоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба заҳматҳои содиқонаи инсонҳои наҷиб, ки барои таҳкими худшиносии миллӣ, рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми арзанда гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад.
Раиси Кумиҷроияи вилоятӣ, ҳамчунин, изҳор намуд, яке аз шахсиятҳое, ки воқеан ҳам барои пешрафти иқтисодиёти кишвар, баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ хизмати шоиста кардааст, устод Карамулло Одилов мебошад. Ӯ зиндагиномаи Карамулло Одиловро мактаби бузурги одамият барои насли ҷавон арзёбӣ кард. Ӯро фарзанди садоқатманди Ватан шуморида, гуфт, ки Карамулло Одилов ҳамвора маънавиётро дар ҷомеа пеш бурдааст, умри хешро сарфи пешрафт ва шукуфоии Ватани маҳбуб намудааст.
Сипас, Карамулло Одиловро бо 70-умин солгарди умр таҳният гуфт ва барояш рӯзгори босаодат ва саломативу барор таманно кард.
Дар идомаи кори конфронс маърӯзаи дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нодирҷон Солиҷонов таҳти унвони “Сиёсатмадори муваффақ, иқтисоддони дақиқназар ва рӯзноманигори ҳақиқатпеша” ва маърӯзаи собиқадори мақомоти молияи вилоят Комилҷон Миркамолов дар мавзӯи “Роҳбари серталаб ва инсони накӯкор” ба самъи аҳли ҳузур расонида шуд.
Бояд қайд кард, ки суханони табрикотии раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов ва шодбошии ҳамсабақи Карамулло Одилов Акрам Бердиев хеле самимона садо доданд. Ҳамчунин, намояндагони МИҲД-и шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Бӯстон ва Спитамен, ки Карамулло Одилов солҳои мухталиф дар ин шаҳру навоҳӣ фаъолият бурдааст, аз номи роҳбарият табрикоти хешро ироа намуданд.
Арзи сипосу суханони шодбошии фарзанди соҳибҷашн Маликахон Одилова, корманди Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва наберааш Муҳайёхон Одилова, корманди Раёсати молияи вилоят хеле дилпазир буда, дар дили иштирокдорони конфронс нақши муассир гузошт.
Дар фарҷом Карамулло Одилов ба Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар дастандаркорони конфронс минатдории самимонаи хешро баён дошт. Ҳамчунин, китоби тозанашри худро бо номи “Шахсияти шинохта ва мунир” ба як гурӯҳ меҳмонон тақдим кард.