Рубрики
Uncategorized

СПИТАМЕН: Рӯзи дарҳои кушод “Артиши миллӣ – сипари боътимоди Ватан”

       Дар асоси барқияи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва нақшаи КИ ҲХДТ дар ноҳия аз санаи 10.02.2022 сол бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳамкорӣ бо МИМҲД – и ноҳияи Спитамен  санаи 15-уми феврали соли 2022 бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар қисмҳои низомии 0228 – 0230 ноҳия рӯзи дарҳои кушод ва махфили илмию адабӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – кафили Истиқлоли давлатӣ” бо иштироки шахсиятҳои барӯманд, собиқадорон,намояндагони МИҲД –и вилояти Суғд  гардид.

       Дар чорабини намояндаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Усмонов Қобилҷон, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Эркаев Сафаралӣ, раиси  кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен  Ойбек Насруллозода, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Азизаи Ҳамзалӣ, собиқадори ҳизб Пиров П. ва сарҳатиби ноҳия Исмоилов Баҳодур   и.в мудири бахши ҷавонон Табарова Л. иштирок доштанд.

      Дар рафти вохӯрӣ масъулин ба сухан баромада зикр  намуданд, ки Артиши ҷавони Тоҷикистон бо ташаббусу роҳнамоиҳои Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомотҳои ҳифзи хуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар хифзи истиклолияти давлатӣ, химояи марзхои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ таъсис дода шуда, дар он ҷавонони банангу ор, иродаи қавию устувордошта ва ҷавонони ватандӯсту обутобёфта сафарбар гардидаанд, фикру андешаҳои худро иброз дошта, тамоми афсарону сарбозони қисми низомиро ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуд  ва ба якчанд  афсарону сарбозон сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитаменро  тақдим намуданд.

       Дар охир барои боз ҳам хубу хотирмон ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани чорабинӣ барои афсарону сарбозон аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *