Рубрики
Асосӣ

СПИТАМЕН: Вокуниш: Терроризм ва Экстремизм

Терроризм ва Экстремизм хатар ба амнияти ҷомеа яке аз проблемаҳои ҷаҳони имрӯза терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо карда, онро решакан намоянд. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.

Маънои аслии экстремизм бошад, ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо, амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст. Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон, ба ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ тадбил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд. Терроризм ва эксремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб кардаанд, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиятҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд.

Террорист террорист аст ва ӯ ҳеч гоҳ худӣ ва бегона ва ё таҳаммулгаро буда наметавонад. Барои мубориза алайҳи ин зуҳуроти бениҳоят хатарнок саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Барои амалӣ гардонидани фаъолияти самаранок бар зидди терроризм, дар навбати аввал, заминаи ҳуқуқии ин мубориза бояд гузошта шавад.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд баҳри ҳифзи ватан аз ин хатарҳои муосир камари сидқу садоқат банданд ва баҳри пойдории сулҳу субот ва амнияти миллӣ содиқона ба Ватан хизмат намоянд. Хусусан, тамоми ҷавонони меҳан бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ нашаванд.

Мудири шуъбаи умумии кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

Спитамен Калматова Д.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *